https://sputnik.tj/20240724/rahmon-mirziyoev-zodruash-tabrik-gustarishi-hamkori-1063642650.html
Раҳмон Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик карду хостори густариши ҳамкорӣ шуд
Раҳмон Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик карду хостори густариши ҳамкорӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекаш дар суҳбати телефонӣ дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд
2024-07-24T11:43+0500
2024-07-24T11:43+0500
2024-07-24T12:11+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон
суҳбати телефонӣ
зодрӯз
табрик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062572359_121:201:1280:853_1920x0_80_0_0_c88f2d934e2fc48c0471bafb9b175835.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Раҳбари Тоҷикистон зимни суҳбати телефониаш бо президенти Ӯзбекистон ӯро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар татбиқи ҳадафҳо ва нақшаҳои муайянкардааш барои рушду пешрафти Узбекистони комёбиҳои нав орзу намудааст. Сарони Тоҷикистону Узбекистон зимни мулоқот дар бораи суръати баланди рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистонро таъкид карданд.Ҳамзамон дар баробари ин муҳимияти татбиқи амалии маҷмӯи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе бадастомада ҳамчун омили пешбурди пайгиронаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди таъкид қарор гирифт.Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар бораи аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд.Зимни мулоқот роҳбарони ду кишвар дар атрофи маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
https://sputnik.tj/20240518/sement-tojikiston-afghonistonu-uzbekiston-narkh-maqomot-1062870698.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062572359_115:0:1252:853_1920x0_80_0_0_05eda40db8bd996afdadfd2f981e2f95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, суҳбати телефонӣ, зодрӯз, табрик
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, суҳбати телефонӣ, зодрӯз, табрик
Раҳмон Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик карду хостори густариши ҳамкорӣ шуд
11:43 24.07.2024 (Навсозишуда: 12:11 24.07.2024) Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекаш дар суҳбати телефонӣ дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Раҳбари Тоҷикистон зимни суҳбати телефониаш бо президенти Ӯзбекистон ӯро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар татбиқи ҳадафҳо ва нақшаҳои муайянкардааш барои рушду пешрафти Узбекистони комёбиҳои нав орзу намудааст. Сарони Тоҷикистону Узбекистон зимни мулоқот дар бораи суръати баланди рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистонро таъкид карданд.
“Дар ин зимн натиҷаҳои босамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дар баробари ин муҳимияти татбиқи амалии маҷмӯи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе бадастомада ҳамчун омили пешбурди пайгиронаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар бораи аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарони ду кишвар дар атрофи маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.