https://sputnik.tj/20240724/rusiya-shahrvandi-tojikiston-furudgohho-bozpas-gardond-1063647670.html
Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳҳо бозпас гардонд
Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳҳо бозпас гардонд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби бозпас гардондани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз фурӯдгоҳҳои Русия дар дуруст набудани ҳуҷҷат ва бедаъватнома рафтани онҳо будааст
2024-07-24T14:05+0500
2024-07-24T14:05+0500
2024-07-24T14:10+0500
дар тоҷикистон
фурудгоҳ
русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_0:241:1166:897_1920x0_80_0_0_3b4ecf7a584cc849dc87e6dde9b9daaf.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон 3400 муҳоҷир аз фурӯдгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.Дар ин бора мудири Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, сабаби баргардондан ва депорти муҳоҷирон комил набудани ҳуҷҷатҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русия мебошад.Назарзода таъкид намуд, ки авҷи депорту баргардондани муҳоҷирон ба як моҳи баъди ҳаводиси "Крокус" рост омада, феълан вазъ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаст. Онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил надоранд, бе монеъа сафар мекунанд, афзуд ӯ.Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон хабар доданд, ки хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% коҳиш ёфтааст.“Дар нимсолаи аввали соли 2024 Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млну 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар ë 36 фоиз кам мебошад”, - қайд кард зимни нишасти матбуотӣ масъулони ин ниҳод.Ҳамзамон теъдоди хатсайрҳо бошад дар нимсолаи якуми соли равон ба 5 ҳазору 787 хатсайр анҷом дода шуд, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 238 хатсайр ва ë 2,3 фоиз кам мебошад.Масъулин қайд кардаанд, ки сабаби кам гардидани нишондодҳои корӣ дар ин давра ин ба омилҳои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар қонунгузории Русия дар муносибат бо муҳоҷирони корӣ рабт дорад.
https://sputnik.tj/20240723/muhojiri-tojik-sakharovo-muntaziri-ikhroj-1063634050.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_43:0:1239:897_1920x0_80_0_0_d55b0eca2df9486871714cc0e227b239.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бозпас, муҳоҷирон, русия, фурудгоҳ, муҳоҷирони меҳнатӣ
тоҷикистон, бозпас, муҳоҷирон, русия, фурудгоҳ, муҳоҷирони меҳнатӣ
Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳҳо бозпас гардонд
14:05 24.07.2024 (Навсозишуда: 14:10 24.07.2024) Сабаби бозпас гардондани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз фурӯдгоҳҳои Русия дар дуруст набудани ҳуҷҷат ва бе даъватнома рафтани онҳо будааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон 3400 муҳоҷир аз фурӯдгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар ин бора мудири Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби баргардондан ва депорти муҳоҷирон комил набудани ҳуҷҷатҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русия мебошад.
Назарзода таъкид намуд, ки авҷи депорту баргардондани муҳоҷирон ба як моҳи баъди ҳаводиси "Крокус" рост омада, феълан вазъ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаст. Онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил надоранд, бе монеъа сафар мекунанд, афзуд ӯ.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон хабар доданд, ки хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% коҳиш ёфтааст.
“Дар нимсолаи аввали соли 2024 Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млну 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар ë 36 фоиз кам мебошад”, - қайд кард зимни нишасти матбуотӣ масъулони ин ниҳод.
Ҳамзамон теъдоди хатсайрҳо бошад дар нимсолаи якуми соли равон ба 5 ҳазору 787 хатсайр анҷом дода шуд, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 238 хатсайр ва ë 2,3 фоиз кам мебошад.
Масъулин қайд кардаанд, ки сабаби кам гардидани нишондодҳои корӣ дар ин давра ин ба омилҳои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар қонунгузории Русия дар муносибат бо муҳоҷирони корӣ рабт дорад.