Наздик ба 140 муҳоҷири тоҷик дар “Сахарово” мунтазири ихроҷанд

© Foto / Общественный совет при Посольстве Республики Таджикистан в Российской ФедерацииПосещение Центра временного содержания иностранных граждан
Посещение Центра временного содержания иностранных граждан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
Обуна шудан
Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия бо масъулини боздоштгоҳи “Сахарово” масъалаи ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи “Сахарово” 136 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои манбаъ, ахиран аз аҳвол ва шароити муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин боздошгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд хабар гирифтанд. Дар ин боздоштҳои миёни мардон занҳои тоҷик ҳам нигоҳ дошта мешаванд.
Намояндагони консулгарӣ, барои муҳоҷирон ғизо бурда, дар бораи такроран вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия бо онҳо суҳбат карданд.
© Foto / Общественный совет при Посольстве Республики Таджикистан в Российской ФедерацииПосещение Центра временного содержания иностранных граждан
Посещение Центра временного содержания иностранных граждан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
Посещение Центра временного содержания иностранных граждан
“Дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо дода шуданд”, - иттилоъ додааст сафорат.
Дар боздоштгоҳи “Сахарово” дар Маскав, муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои вайрон кардани қонунгузории будубоши Русия боздошт шуда, мунтазири ихроҷ ба ватан ҳастанд.
Сафорат қайд кардааст, ки корҳо барои ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0