“Обовард”: Тарҳи ҳафт нерӯгоҳи ҷадид дар идомаи “Роғун”

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Вахш боз 7 нерӯгоҳи дигар хоҳад сохт, то амнияти нерӯгоҳҳои бузургро таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 8 нерӯгоҳ рӯи рудхонаи Вахш сохта шудаанд, ки бузургтарини онҳо нерӯгоҳи “Роғун” дар ҳоли эъмор аст.
Санъат Раҳимов, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ вақте дар боби ҳафт нерӯгоҳи оби барқии ҷадид суҳбат кард, ки мавзуъи хатари обовардҳо ё лойқа ба нерӯгоҳи “Роғун” матраҳ шуд. Вай гуфт, тамоми дарёҳо, ки мавсимӣ ҳастанд, бар асари об шудани пиряхҳо, боридани борону барф ва селҳо лойқа меоранд.
“Бино ба ҳисобҳои мо, дарёи Вахш дар як сол ҳудуди 72 млн тон лойқа меорад. То ин замон ҳамин лой дар нерӯгоҳи “Норак” ҷамъ меомад ва дар обанбор таҳшин мешуд. Ҳол мо метавонем бигӯем, ки нерӯгоҳи “Роғун” қариб сад дар сад хатари обоварди нерӯгоҳи “Роғун” – ро маҳор кардааст”, - гуфт Санъат Раҳимов.
Вай афзуд, вақте об барои зимистон ҷамъ мешавад, тамоми обовардҳо дар обанбор таҳшин мешаванд ва обанбор ки пур шуд, иқтидори тавлиди барқ кам мешавад.
“Ҳоло лойқае, ки дар Норак меистод, акнун дар Роғун меистад. Ин то як дараҷа хубӣ ҳам дорад, ки оби куҳнаи қаъри обанбор низ боло меояд ва истифода мешавад, аммо агар сатҳи лойқаи зери обандор аз дараҷаи муайян ки гузашт, зараровар мешавад”, - гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории Тоҷикистон.
Возведение штольни на территории металлургического комбината ФАРОЗ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
“Қурбониёни кор” дар Тоҷикистон – омори расмӣ
Вай афзуд, обовардҳо поруи аълосифат ҳастанд, аммо мо дастгоҳҳои лойрубӣ надорем ва ҳам маблағгузории бузурге лозим аст, ки ин пору берун оварда ва фурӯхта шавад, аммо бо ин ҳол ҳам хатар ба нерӯгоҳҳо аз миён нахоҳад рафт.
“Чӣ кор бояд кард? Мо тасмим гирифтаем, ки дар болооби нерӯгоҳи Роғун ҳафт нерӯгоҳи дигар дар саргаҳи рудхонаи Вахш бисозем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки хатари обгардҳоро ба ҳадди ақал бирасонем ва бахусус, нерӯгоҳҳои “Роғун” – и “Норак” – ро комилан амн кунем”, - гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории Тоҷикистон.
Мавсуф аз шарҳи тафсилоти бештар дар бораи нерӯгоҳҳои ҷадид, аз ҷумла зарфият, замону шароити эҳдоси онҳо, худдорӣ кард.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар рудхонаи Вахш 8 нерӯгоҳи миёнаву бузург фаъолият мекунанд, ки бузургтарини онҳо нерӯгоҳи “Норак” аст ва пурра мавриди истифода қарор гирифтан нерӯгоҳи "Роғун" ба мақоми аввал хоҳад баромад.
Лентаи хабарҳо
0