Дар шаҳри Истиқлоли Суғд шумори муҳоҷирони меҳнатӣ 50% афзудааст – видео

Обуна шудан
Бар асоси пажӯҳише, ки ахиран Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд доир намудааст, маълум шудааст, ки 98%-и муҳоҷирати сокинон ба хориҷ ба Русия рост меояд
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирон аз шаҳри Истиқлол (собиқ Табашар) и Суғд ба хориҷи кишвар афзоиш ёфтааст, дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол, Қаюм Маҳмудзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4036 сокини ин шаҳр бо шумули 1365 зан ба муҳоҷират рафтаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 1998 нафар ё 50 % зиёд гуфта мешавад.
Бо саҳми муҳоҷирони Русия: роҳи Басманда - деҳаи қадимии Суғд мумфарш шуд – видео
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4085 нафар аз муҳоҷират баргаштаанд.
“Айни замон 5321 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд” – гуфт, раиси шаҳри Истиқлол.
Бино ба оморе, ки ахиран Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон ироа намуд, алҳол 250 ҳазор сокинони шаҳру навоҳии ҷилояти Суғд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар қарор доранд. Аз ин шумор 190 ҳазор мардон ва 60 ҳазор занҳо гуфта мешавад.
Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видео
Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Абдуҷамил Халилзода гуфт, бар асоси пажӯҳише, ки ахиран ин ниҳод доир намуда маълум гардидааст, ки 98%-и шумори муҳоҷирати сокинон ба хориҷи кишвар ба Русия рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0