https://sputnik.tj/20240711/dehai-khurdhosili-farovon-sarzamin-sugd-pomidor-video-1063485806.html
Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видео
Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Помидорҳое, ки тобистони ҳар сол мағозаю фурушгоҳҳои навоҳии Суғду Душанберо пур мекунанд, маҳсули дастранҷи кишоварзони деҳаи Зарзамини ноҳияи Б.Ғафуров аст
2024-07-11T17:12+0500
2024-07-11T17:12+0500
2024-07-11T17:47+0500
видео
суғд
кишоварзӣ
тавлидот
ҳосил
ноҳияи бобоҷон ғафуров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063487726_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_056aa81cfb640e2eded0c7515628d208.jpg
Хок ва иқлими мавҷудаи ин русто ба парвариши помидор хеле мувофиқ арзёбӣ мешавад. Ва Зарзамин ном ниҳодани ин деҳа ҳам рамзӣ аст, чун, ки аз заминҳои андак кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоваранд, аз ҷумла помидор, ки таваҷҷӯҳи харидорони ҳар гӯшаи вилояти Суғдро ба худ мекашад.Тоҷирон ҳам помидорро умдатан аз ҳамин ҷо харида, ба кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва ҳам Русия интиқол медиҳанд.Роҳи оҳани минтақаи Суғд аз канори ин деҳа мегузарад ва имкони интиқолдиҳии мол ҳам фароҳам мегардад.Чанд сол қабл аз ҳисоби ҳосили фаровони помидор дар каноре аз роҳи ин русто ба таври табиӣ як бозоре ҳам ташкил шуд ва онро “помидорбозор” ном мебаранд.Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шаведХабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Зарзамин ва набзи “бозори помидор” ро ба дурбини худ сабт кард.Тавре мушоҳида мешавад аз дурдасттарин навоҳии Суғд: Исфараву Конибодом, Деваштич, Истаравшан ва Шаҳристону шаҳри Душанбе харидорони помидор ба ин макон меоянд то молро аз дасти якум – худи деҳқон ва бо нархи арзон бо худ гиранд.Нуъмон Бобоев, деҳқони помидорпарвар, сокини деҳаи Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби зиёд таваҷҷӯҳ намудани харидорону тоҷирони помидор ба ин русторо шарҳ дод.“Мо моли босифат парвариш мекунем. Помидор зироатест, ки агар пайваста нигоҳубин нашавад, онро кирм мезанад ва сифати ҳосил паст мешавад. Мо дар вақташ ҳама корро мекунем то помидорҳои суп сурхи ширини бе кирм гирем. Ҳосили мо таваҷҷӯҳи ҳама хариддоронро ҷалб намудааст, ҳатто харидорони кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русияро”- афзуд, деҳқон.Ширкатҳои Маскав дар Душанбе махсулоти худро намоиш додандРустои Зарзамин дар қисмати шимолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, ин ноҳия ҷузъе аз водии Фарғона мебошад.Дар ин деҳа ҳудуди 300 га замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки бахши аъзами онро майдони помидор ташкил медиҳад.Сокинони ин деҳаи мазкур мегуянд, ҳар кадом аз 0,40 то 0,60 га саҳми замини кишоварзӣ доранд ва дар нисфи он помидор парвариш мекунанд.Аз молу маҳсулоти кишоварзӣ то саноатӣ: Намоишгоҳи “Экспо - Суғд 2024” дар Хуҷанд – видеоТавре кишоварзон таъкид меварзанд аз ин ҳисоб замин ҳамасола то 20 тон помидор мегиранд.Сокинони Зарнисор мегуянд, парвариши помидор кору заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Онҳо шукр мекунанд, ки махсусиятҳои ин кору бори кишоварзиро хуб иҷро карда метавонанду аз ин ҳисоб рӯзии ҳалол ба даст меоранд.
суғд
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063487726_420:42:1280:687_1920x0_80_0_0_7d706692fc5757052285b770adfe182d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, кишоварзӣ, помидаор, бобоҷон ғафуров, тавлид, истеҳсол, зироат, ҳосил
видео, суғд, кишоварзӣ, помидаор, бобоҷон ғафуров, тавлид, истеҳсол, зироат, ҳосил
Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видео
17:12 11.07.2024 (Навсозишуда: 17:47 11.07.2024) Помидорҳое, ки тобистони ҳар сол мағозаю фурушгоҳҳои навоҳии Суғду Душанберо пур мекунанд, маҳсули дастранҷи кишоварзони деҳаи Зарзамини ноҳияи Б.Ғафуров аст
Хок ва иқлими мавҷудаи ин русто ба парвариши помидор хеле мувофиқ арзёбӣ мешавад. Ва Зарзамин ном ниҳодани ин деҳа ҳам рамзӣ аст, чун, ки аз заминҳои андак кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоваранд, аз ҷумла помидор, ки таваҷҷӯҳи харидорони ҳар гӯшаи вилояти Суғдро ба худ мекашад.
Тоҷирон ҳам помидорро умдатан аз ҳамин ҷо харида, ба кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва ҳам Русия интиқол медиҳанд.
Роҳи оҳани минтақаи Суғд аз канори ин деҳа мегузарад ва имкони интиқолдиҳии мол ҳам фароҳам мегардад.
Чанд сол қабл аз ҳисоби ҳосили фаровони помидор дар каноре аз роҳи ин русто ба таври табиӣ як бозоре ҳам ташкил шуд ва онро “помидорбозор” ном мебаранд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Зарзамин ва набзи “бозори помидор” ро ба дурбини худ сабт кард.
Тавре мушоҳида мешавад аз дурдасттарин навоҳии Суғд: Исфараву Конибодом, Деваштич, Истаравшан ва Шаҳристону шаҳри Душанбе харидорони помидор ба ин макон меоянд то молро аз дасти якум – худи деҳқон ва бо нархи арзон бо худ гиранд.
Нуъмон Бобоев, деҳқони помидорпарвар, сокини деҳаи Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби зиёд таваҷҷӯҳ намудани харидорону тоҷирони помидор ба ин русторо шарҳ дод.
“Мо моли босифат парвариш мекунем. Помидор зироатест, ки агар пайваста нигоҳубин нашавад, онро кирм мезанад ва сифати ҳосил паст мешавад. Мо дар вақташ ҳама корро мекунем то помидорҳои суп сурхи ширини бе кирм гирем. Ҳосили мо таваҷҷӯҳи ҳама хариддоронро ҷалб намудааст, ҳатто харидорони кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русияро”- афзуд, деҳқон.
Рустои Зарзамин дар қисмати шимолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, ин ноҳия ҷузъе аз водии Фарғона мебошад.
Дар ин деҳа ҳудуди 300 га замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки бахши аъзами онро майдони помидор ташкил медиҳад.
Сокинони ин деҳаи мазкур мегуянд, ҳар кадом аз 0,40 то 0,60 га саҳми замини кишоварзӣ доранд ва дар нисфи он помидор парвариш мекунанд.
Тавре кишоварзон таъкид меварзанд аз ин ҳисоб замин ҳамасола то 20 тон помидор мегиранд.
Сокинони Зарнисор мегуянд, парвариши помидор кору заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Онҳо шукр мекунанд, ки махсусиятҳои ин кору бори кишоварзиро хуб иҷро карда метавонанду аз ин ҳисоб рӯзии ҳалол ба даст меоранд.