Ваъдаи мири Хуҷанд барои азсаргирии ҳаракати мунтазами автобусҳо дар шаҳр: Кай?

© Foto / Пресс-служба председателя города ХуджандАвтобусы в Худжанде. Архивное фото
Автобусы в Худжанде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Бо гузашти бештар аз ду моҳ ҳаракати автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли Тоҷикистон аз сар гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Шарҳрдори Хуҷанд дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон сабаби мутаваққиф шудани ҳаракати автобусҳоро шарҳ дод
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки мушкили молиявӣ боис ба қатъ шудани ҳаракати автобусҳо дар маркази вилояти Суғд гардидааст.
Сар аз 15 май ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд қатъ гардида буд. Бо гузашти инак ду моҳ мушкил бартараф шуда ва шурӯъ аз дирӯз ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд аз сар гирифта шудааст.
“Мо бо идораи молияи шаҳр мушкили пешомадаро бартараф намудем, ҳоло ҳаракати автобусҳо барқарор шудааст, минбаъд мо кӯшиш мекунем, ки дар вақташ ин соҳаро маблағгузорӣ карда, ҳаракати мунтазами автобусҳоро таъмин намоем” – гуфт, шаҳрдори Хуҷанд.
Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло ҳаракати шумори автобусҳо дар роҳҳои шаҳр андак аст.
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 26 автобус фиристод  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод
Ин дар ҳолест, ки соли 2018, Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд барои татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" аз ҳисоби $26 млн қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 100 адад автобуси тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292"-ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуда буд.
Аз ҳисоби умумии маблағ $8,5 млн қарзи бебозгашт (грант) буда, $17,5 млн дигар қарзе гуфта мешавад, ки пардохти ҳарсолаи он тақозо мешавад.
Аммо то ин замон дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд бо сабабҳои гуногун бори чандум, ҳаракати автобусҳо мутаваққиф шудааст.
Раиси Хуҷанд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки қарор аст, то ду се рӯзи дигар шумори ҳаракати автобусҳо то ба 60 адад таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0