https://sputnik.tj/20230313/maqomot-kulob-vmkb-avtobus-firistod-1055469097.html
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб 6 автобус, ба шаҳри Хоруғ 5 автобус ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристод
2023-03-13T15:37+0500
2023-03-13T15:37+0500
2023-03-13T15:37+0500
дар тоҷикистон
автобус
тақдим
вмкб
кӯлоб
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0d/1055468862_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_7bbdd6a76425058fcb9faccbd378e78a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб равона гардид.Манбаъ қайд кардааст, ки бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.Иттилоъ дода шудааст, ки автобусҳо дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" амалӣ гардидааст.Дар заминаи амалишавии "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025" шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.
https://sputnik.tj/20221129/rustami-emomali-donishgoh-khorugh-avtobus-taqdim-1053147379.html
вмкб
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0d/1055468862_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_8a52cb062489dafbb6fa8062e8692e69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, вмкб, автобус, хоруғ, дарвоз, ванҷ, шуғнон, рӯшон, ишкошим, мурғоб ва рошқалъа
тоҷикистон, кӯлоб, вмкб, автобус, хоруғ, дарвоз, ванҷ, шуғнон, рӯшон, ишкошим, мурғоб ва рошқалъа
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб 6 автобус, ба шаҳри Хоруғ 5 автобус ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристод
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб равона гардид.
“Аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаш 6 автобус ба шаҳри Кӯлоб, 5 автобус ба шаҳри Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристода шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки автобусҳо дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" амалӣ гардидааст.
Дар заминаи амалишавии "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025" шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.