https://sputnik.tj/20240723/narkhi-ob-charo-ob-qimat-shud-1063625201.html
“Нархи об”: чаро об қимат шуд?
“Нархи об”: чаро об қимат шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” сабабҳои болоравии қимати об дар кишварро шарҳ дод
2024-07-23T09:36+0500
2024-07-23T09:36+0500
2024-07-25T19:30+0500
дар тоҷикистон
нарх
об
болоравӣ
нархи қимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625982_0:188:3072:1916_1920x0_80_0_0_0072b6617a3bd00cf14d53c2c519ba12.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қаблан тарофаҳои хизматрасонӣ барои таъмини обро ҳукумати Тоҷикистон ба 20% боло бурд.Раҷабалӣ Расулзода, муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарофаҳои хизматрасонӣ қариб шаш сол ба ин сӯ бетағйир монда буданд ва ҳукумати кишвар иқдом ба боло бурдани онҳо намекард, чун ин тақозои сиёсати иҷтимоӣ буд.““Дар ин миён, қимати барқу таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ боло рафт. Қимати барқ 4 баробар афзуд, қурби асъори миллӣ дар муқобили арзҳои хориҷие, ки бо онҳо таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа ворид мекунем, низ тағйир кард. Маоши кормандон афзуд, қимати сӯзишворӣ ва дигар заруратҳои корхона боло рафт. Аз ин хотир, зарурати боло бурдани тарофаҳо пеш омад, то хароҷот пӯшида ва хизматрасонӣ низ беҳтар карда шавад”, - гуфт Раҷабалӣ Расулзода.Қаблан тарофаҳои обрасонӣ 20% боло бурда шуданд, ки дар пайи он 1 мукааби об (1000 литр) барои аҳолӣ ба 1 сомониву 30 (дар гузашта – 1 сомониву 09) дирам, барои корхонаҳои буҷавӣ 2 сомониву 77 (2 сомониву 31) дирам ва барои муассисаҳои тиҷоратӣ 4 сомониву 28 (3 сомониву 57) дирам боло рафт.Дар ҳамин ҳол, дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон як зарфи пластикии нимлитраи оби нӯшокӣ аз 2 то 3 сомонӣ ва як зарфи якунимлитраи он аз 4 то 5 сомонӣ савдо мешавад, ки бо як ҳазор литр ва қиматҳои фавқ фарқияти бориз дорад.Раҷабалӣ Расулзода гуфт, корхонаву ширкатҳое, ки бо истеҳсолу фурӯши об машғуланд, тибқи қавоиду қавонини бозор кор мекунад ва ба тиҷорати худ меандешанд.“Аммо корхонаи мо, ки тобеъи ҳукумати Тоҷикистон аст, барномаҳои ҳукуматиро иҷро мекунад ва аз нигоҳи иҷтимоӣ бархӯрд мекунад, на тиҷоратӣ. Барои ҳукумат сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум муҳим аст, на даромад. Изофагиҳои хароҷоти корхонаро низ ҳукумат пурра мекунад”, - гуфт муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” соли 2001 аз “Коммунсервис”–и собиқ ҷудо шуда, то соли 2018 панҷ маротиба тарифҳояшро тағйир дода буд.Тағйироти ахир маротибаи шашум аст. Ин тарифхои оби нӯшокии корхонаҳои тобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак, Файзобод ва Роғун, аст.
https://sputnik.tj/20240611/ob-tochikiston-tamom-zakhoir-jumhuri-oyanda-1063171343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063625982_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6a0cd124d34f7c0d1b8cff98babe44ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, нархи об, болоравӣ, корхонаи воҳиди давлатии “хоҷагии манзилию коммуналӣ”
тоыикистон, нархи об, болоравӣ, корхонаи воҳиди давлатии “хоҷагии манзилию коммуналӣ”
“Нархи об”: чаро об қимат шуд?
09:36 23.07.2024 (Навсозишуда: 19:30 25.07.2024) Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” сабабҳои болоравии қимати об дар кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қаблан тарофаҳои хизматрасонӣ барои таъмини обро ҳукумати Тоҷикистон ба 20% боло бурд.
Раҷабалӣ Расулзода, муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарофаҳои хизматрасонӣ қариб шаш сол ба ин сӯ бетағйир монда буданд ва ҳукумати кишвар иқдом ба боло бурдани онҳо намекард, чун ин тақозои сиёсати иҷтимоӣ буд.
““Дар ин миён, қимати барқу таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ боло рафт. Қимати барқ 4 баробар афзуд, қурби асъори миллӣ дар муқобили арзҳои хориҷие, ки бо онҳо таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа ворид мекунем, низ тағйир кард. Маоши кормандон афзуд, қимати сӯзишворӣ ва дигар заруратҳои корхона боло рафт. Аз ин хотир, зарурати боло бурдани тарофаҳо пеш омад, то хароҷот пӯшида ва хизматрасонӣ низ беҳтар карда шавад”, - гуфт Раҷабалӣ Расулзода.
Қаблан тарофаҳои обрасонӣ 20% боло бурда шуданд, ки дар пайи он 1 мукааби об (1000 литр) барои аҳолӣ ба 1 сомониву 30 (дар гузашта – 1 сомониву 09) дирам, барои корхонаҳои буҷавӣ 2 сомониву 77 (2 сомониву 31) дирам ва барои муассисаҳои тиҷоратӣ 4 сомониву 28 (3 сомониву 57) дирам боло рафт.
Дар ҳамин ҳол, дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон як зарфи пластикии нимлитраи оби нӯшокӣ аз 2 то 3 сомонӣ ва як зарфи якунимлитраи он аз 4 то 5 сомонӣ савдо мешавад, ки бо як ҳазор литр ва қиматҳои фавқ фарқияти бориз дорад.
Раҷабалӣ Расулзода гуфт, корхонаву ширкатҳое, ки бо истеҳсолу фурӯши об машғуланд, тибқи қавоиду қавонини бозор кор мекунад ва ба тиҷорати худ меандешанд.
“Аммо корхонаи мо, ки тобеъи ҳукумати Тоҷикистон аст, барномаҳои ҳукуматиро иҷро мекунад ва аз нигоҳи иҷтимоӣ бархӯрд мекунад, на тиҷоратӣ. Барои ҳукумат сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум муҳим аст, на даромад. Изофагиҳои хароҷоти корхонаро низ ҳукумат пурра мекунад”, - гуфт муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” соли 2001 аз “Коммунсервис”–и собиқ ҷудо шуда, то соли 2018 панҷ маротиба тарифҳояшро тағйир дода буд.
Тағйироти ахир маротибаи шашум аст. Ин тарифхои оби нӯшокии корхонаҳои тобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак, Файзобод ва Роғун, аст.