Об дар Тоҷикистон тамом мешавад: ба захоири ҷумҳурӣ дар оянда чӣ хоҳад шуд?

© SputnikНурекская ГЭС им. Турсуна Ульджабаева
Нурекская ГЭС им. Турсуна Ульджабаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2024
Обуна шудан
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон қайд кард, ки қисми зиёди инфрасохтор солҳои 1970-80 сохта шуда, ҳоло ба иваз ва навсозӣ ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар мерасад, аммо истеъмоли об кам мешавад.
Дар бораи пешгуии сарфи захираҳои об сардори шуъбаи сиёсати обу энергетикии Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ Рустам Абдуллоев изҳори назар кард.
Гуфта мешавад, ки масрафи он аз 2520 метри мукааб ҳозира дар як сол то 1167 мм кам мешавад.
"Ин ҳам ба норасоии оби минтақавӣ ва ҳам ба пурзӯр кардани назорат аз болои истеъмоли об дар пасманзари инфрасохтор кӯҳнашуда вобаста аст", - гуфт мавсуф.
Вай ёдовар шуд, ки аксари ин биноҳо дар солҳои 1970 ва 80 бунёд шуда, феълан ба иваз ва навсозӣ ниёз доранд.
Встреча Эмомали Рахмона с президентом группы Исламского банка развития доктором Мухаммадом Сулейманом Аль-Джасером - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2024
Раҳмон барои таваҷҷуҳи Бонки исломии рушд ба бунёди "Роғун" сипос гуфт.
"Нарасидани об ва рақобат байни бахшҳои иқтисодӣ сарбории обҳои зеризаминиро афзоиш дода, ба сифати об таъсири манфӣ мерасонад", - ҳушдор додааст Абдуллоев.
Ёдовар мешавме, ки дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҷараён дорад.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Раванди оби Душанбе" то 13 июн идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0