https://sputnik.tj/20240722/vazir-ibodullo-mashrabov-badguiash-nasihat-kard-sarzanish-1063613245.html
Вазир Ибодулло Машрабовро барои бадгӯиаш насиҳат карду сарзаниш не
Вазир Ибодулло Машрабовро барои бадгӯиаш насиҳат карду сарзаниш не
Sputnik Тоҷикистон
Баррхурди Ибодулло Машрабов бо духтарони ҳунарпешаро бо ширкати коргардон дар ҳузури вазири фарҳанги Тоҷикистон баррасӣ шудааст
2024-07-22T12:51+0500
2024-07-22T12:51+0500
2024-07-22T12:51+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
вазир
насиҳат
ибодулло машрабов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102555/50/1025555039_345:116:2994:1606_1920x0_80_0_0_48ac37cd41c789ceff606ba11aea5223.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки "ин мавзуъ дар назди худи эшон аз тарафаи вазири фарҳанг муҳокима шуда буд, аммо сарзанише эълон накардем"."Аз тарафи вазири фарҳанг ва он кормандоне, ки буд, ба устод мо иттилоъ додем, ки дар вақти машқҳо муошират, муомила бояд, ки як чорчӯбаи худро дошта бошад. Чӣ ҳодиса рӯй дода буд, ман набудам, баъзан вақт ҳунарманд ба эҳсосот дода мешавад, ҳунарманд, ки худаш эҳсосотӣ аст, шояд ҳамон вақту соате буд, ки он кас худашонро дошта натавонистанд. Ин муаммо аст, аммо мо ҳам ҳаракат мекунем, ки он этика ва эстетикае, ки роҳбар ё роҳбарикунанда дорад, бояд меъёр дошта бошад",-гуфт Назариён.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Ибодулло Машрабов коргардони барномаи “Шоми дӯстӣ” бо нигаронӣ аз дермонӣ ба духтарони ҳунарпешаи ин барнома мегуфт: "Шумо мусулмонед?! Кӣ зоидааст чунин духтари бемаънии падарлаънатро! Кош намезойид!".Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо расонаҳои дохилӣ бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурда буд.Вай гуфта буд, ки ягон гапи безеб нагуфтааст ва бояд сахтгир бошад.Навори ҷанҷолӣ аз ҷараёни омодагӣ ба барномаи "Шоми дӯстӣ", ҳангоми сафари раҳбари пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд, ки бо вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд.Ибодулло Машрабови дар гузашта муовини вазири фарҳанг ва вакили порлумони Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20171212/ibodullo-mashrabov-dar-borai-behtarin-naqsh-1024147689.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102555/50/1025555039_490:130:2833:1887_1920x0_80_0_0_c0a4ee4eb021777596e6f6a62d3c830b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, насиҳат, ибодулло машрабов, сарзаниш, вазир
тоҷикистон, фарҳанг, насиҳат, ибодулло машрабов, сарзаниш, вазир
Вазир Ибодулло Машрабовро барои бадгӯиаш насиҳат карду сарзаниш не
Бархурди Ибодулло Машрабов бо духтарони ҳунарпеша дар ҳузури вазири фарҳанги Тоҷикистон баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки "ин мавзуъ дар назди худи эшон аз тарафаи вазири фарҳанг муҳокима шуда буд, аммо сарзанише эълон накардем".
"Аз тарафи вазири фарҳанг ва он кормандоне, ки буд, ба устод мо иттилоъ додем, ки дар вақти машқҳо муошират, муомила бояд, ки як чорчӯбаи худро дошта бошад. Чӣ ҳодиса рӯй дода буд, ман набудам, баъзан вақт ҳунарманд ба эҳсосот дода мешавад, ҳунарманд, ки худаш эҳсосотӣ аст, шояд ҳамон вақту соате буд, ки он кас худашонро дошта натавонистанд. Ин муаммо аст, аммо мо ҳам ҳаракат мекунем, ки он этика ва эстетикае, ки роҳбар ё роҳбарикунанда дорад, бояд меъёр дошта бошад",-гуфт Назариён.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Ибодулло Машрабов коргардони барномаи “Шоми дӯстӣ” бо нигаронӣ аз дермонӣ ба духтарони ҳунарпешаи ин барнома мегуфт: "Шумо мусулмонед?! Кӣ зоидааст чунин духтари бемаънии падарлаънатро! Кош намезойид!".
Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо расонаҳои дохилӣ бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурда буд.
Вай гуфта буд, ки ягон гапи безеб нагуфтааст ва бояд сахтгир бошад.
Навори ҷанҷолӣ аз ҷараёни омодагӣ ба барномаи "Шоми дӯстӣ", ҳангоми сафари раҳбари пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд, ки бо вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд.
Ибодулло Машрабови дар гузашта муовини вазири фарҳанг ва вакили порлумони Тоҷикистон буд.