Ибодулло Машрабов: беҳтарин нақши офаридаам Искандари Мақдунӣ аст

© Sputnik / Кирилл КаллиниковИбодулло Машраб на вручении премии "Звезды Содружества"
Ибодулло Машраб на вручении премии Звезды Содружества - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд ва коргардони тоҷик Ибодулло Машрабов барандаи ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" гардид

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар умум барои дарёфти ин ҷоизаи бузург 12 кормандони бахши гуманитарӣ пешниҳод шуданд.

Тибқи хулосаи доварон аз ин ҳисоб ҳашт кас барандаи ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" гардиданд.

Миёни онҳо ҳунарманд, овозхон ва коргардон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Ибодулло Машрабов ҳам ҳаст.

Маросими ҷоизауспорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши зиёиёни бахши фарҳанг ва илми кишварҳои узви ИДМ рӯзи 11 декабр дар Маскав баргузор гардид.

Ибодулло Машрабов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чунин ҷоиза як бор дар зиндагӣ дода мешавад.

Ибодулло Машраб: люблю каждую свою роль о таджикском театре: в каждой работе - кусочек сердца

"Ҳадафи ҳамоиш-ба ҳам овардани кишварҳои мо дар бахши гуманитарӣ аст. Ман фикр мекунам, ки ин бисёр кори муҳим ва муқаддас аст-якҷо кардани кишварҳои узви ИДМ", — гуфт Машрабов.

Ба гуфти ӯ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон зиндагии театрӣ бисёр фаъол аст.

"Ҳамаи театрҳои кишвар фаъолона кор мекунанд. Дар як сол то 5-6 намоишномаҳо мегузоранд, аслан ҳунармандони ҷавон кор мекунанд", —қайд кард Машрабов.

Ба саволи беҳтарин нақш дар зиндагӣ, Ибодулло Машрабов гуфт, ки ин нақши Искандари Мақдунӣ аст.

"Ман ҳамаи нақшҳоямро дӯст медорам. Дар ҳар нақши ман порае аз қалбам ҳаст", — хулоса кард Ибодулло Машрабов.

Лентаи хабарҳо
0