Бобозода: Гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” дар бораи шиканҷа шикоят накардаанд

© Sputnik / Амир ИсаевУмед Бобозода, уполномоченный по правам человека в Таджикистане
Умед Бобозода, уполномоченный по правам человека в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Обуна шудан
Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҳамтои русаш таъкид кардааст, ки гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” набояд шиканҷа шаванд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Умед Бобозода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба муносибати бераҳмона бо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Маскав гуфт, “дар ин бора муроҷиати хаттӣ накардаем”.
“Баъд аз нашри хабар дар бораи шиканҷа, ман шахсан бо Омбудсмени Русия оид ба ин масъала тамос гирифтам ва баъдан ӯ дар ВАО изҳор дошт, ки гумонбаршудагон набояд шиканҷа шаванд”, - қайд кард Бобозода.
Вай ҳамчунини таъкид кард, ки “дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” аз худи гумонбарон ва наздикони онҳо шикояти расмӣ ворид нашудааст.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Русия: Пушти ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” гурӯҳи байналмилалӣ будааст
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Сотрудники полиции у концертного зала Крокус Сити Холл, где произошла стрельба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус вазифаи мубориза бо терроризмро барои СПАД нав кард
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0