Ҳамлаи террористӣ дар Крокус вазифаи мубориза бо терроризмро барои СПАД нав кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСотрудники полиции у концертного зала "Крокус Сити Холл", где произошла стрельба
Сотрудники полиции у концертного зала Крокус Сити Холл, где произошла стрельба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Обуна шудан
Хадамоти махсус сари вақт амал намуда, ҷинояткорон дар соатҳои аввали содир шудани ҷиноят дастгир шуданд, гуфт котиби генералии СПАД
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар назди кишварҳои узви СПАД вазифа гузошт, ки абзорҳои нави мубориза бо терроризмро таҳия кунанд.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли созмон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии СПАД изҳор дошт.
"Ҳамаи мо гузоришҳо дар бораи ҳамлаи таҳқиромези террористон ба мардуми осоишта дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскавро бо таассуф қабул кардем, ки ҳама кишварҳои узви СПАД ин ҳамлаи террористиро шадидан маҳкум карданд",- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин ҷинояти бузург ва бо миқёси калон “дар назди ҳамаи кишварҳои узви ин иттиҳодия вазифа мегузорад, ки абзорҳои дахлдори муқовимат ба хатари террористӣ дар минтақаи масъулияти СПАД-ро таҳия кунанд”.
Тавре дабири кулли созмон қайд кард, хадамоти махсус зуд кор карданд, ҷинояткорон дар соатҳои аввали баъди ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки хадамоти вижаи Беларус ба нерӯҳои Русия фаъолона кумак мекунанд, то террористҳоеро, ки ин ҳамлаи бесобиқа ваҳшиёна анҷом додаанд, аз сафар ба хориҷа пешгирӣ кунанд.
Илова бар ин, дар маркази таваҷҷӯҳи умумии созмон Афғонистон, манбаи асосии бесуботӣ, манбаи чолишҳои фаромарзӣ ва таҳдидҳо дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, қайд кард Тасмағамбетов.
Учения с Коллективными силами быстрого развертывания Центрально-Азиатского региона Рубеж-2022. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Дар Тоҷикистон тамринҳои СПАД баргузор мешаванд
"Ин созмон пайгирии чолишҳо ва таҳдидҳои марбут ба "гиреҳи афғонӣ"-ро идома медиҳад ва талошҳоро барои муқовимат бо онҳо бо истифода аз зарфиятҳои гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД ҳамоҳанг мекунад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, ба шарофати иродаи сиёсии кишварҳои узви ин созмон, марҳилаи ниҳоии мувофиқати лоиҳаи барномаи ҳадафноки байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт.
"Дар он тадбирҳои мушаххас оид ба таъмини амнияти қисми ҷанубии минтақаи масъулиятшиносии созмон дар бар мегирад, умедворем, ки он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки охири соли ҷорӣ баргузор мешавад, қабул карда мешавад”,-гуфт котиби генералӣ.
Лентаи хабарҳо
0