https://sputnik.tj/20240722/afzoishi-mahsuloti-metalli-tojikiston-1063610158.html
Афзоиши маҳсулоти металлӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши маҳсулоти металлӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар 6 моҳ корхонаҳои коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, дар маҷмуъ 49,3 ҳазор тонна ё ба маблағи 321 млн сомонӣ маҳсулоти металлӣ истеҳсол намуданд
2024-07-22T09:36+0500
2024-07-22T09:36+0500
2024-07-22T11:47+0500
дар тоҷикистон
маҳсулот
саноат
маҳсулоти саноат
комбинати металлургии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225717_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_94c349267b22892ee8b2e4244383d22b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Корхонаҳои музкур арматураи сохтмонӣ, сими металлӣ, кунҷаки металлӣ, саққо, қубур ва профили металлӣ, рехтаи пӯлодиро истеҳсол намуданд.Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти металлӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 10 ҳазор тонна ё ба маблағи 65,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Суръати афзоиш дар истеҳсоли маҳсулоти гуногуни металлӣ дар ин давра 25,3 фоиз таъмин гардидааст.Вазорати саноат қайд кардааст, ки қаблан маҳсулоти дар боло номбаршуда аз хориҷи мамлакат бо асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардиданд.Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати саноат иттилоъ додааст, ки корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои мамлакат агар дар соли 2019 дар ҳаҷми 3,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 5,8 млрд сомонӣ баробар гардида, рушди он 75,5% таъмин шудааст.
https://sputnik.tj/20240705/sanoat-enerzhi-rahmon-jinpin-dushanbe-1063431236.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225717_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_10d63ea6df378e0ef20d3f14e317a3f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афзоиш, саноат, маҳсулот, метталӣ, оҳан
тоҷикистон, афзоиш, саноат, маҳсулот, метталӣ, оҳан
Афзоиши маҳсулоти металлӣ дар Тоҷикистон
09:36 22.07.2024 (Навсозишуда: 11:47 22.07.2024) Дар 6 моҳ корхонаҳои коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, дар маҷмуъ 49,3 ҳазор тонна ё ба маблағи 321 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Корхонаҳои музкур арматураи сохтмонӣ, сими металлӣ, кунҷаки металлӣ, саққо, қубур ва профили металлӣ, рехтаи пӯлодиро истеҳсол намуданд.
Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ коркарди металл ва истеҳсоли маҳсулоти металлӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 10 ҳазор тонна ё ба маблағи 65,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Суръати афзоиш дар истеҳсоли маҳсулоти гуногуни металлӣ дар ин давра 25,3 фоиз таъмин гардидааст.
Вазорати саноат қайд кардааст, ки қаблан маҳсулоти дар боло номбаршуда аз хориҷи мамлакат бо асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардиданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати саноат иттилоъ додааст, ки корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои мамлакат агар дар соли 2019 дар ҳаҷми 3,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 5,8 млрд сомонӣ баробар гардида, рушди он 75,5% таъмин шудааст.