Зеленский мумкин аст маҷбур ба гузаронидани ҳамапурсӣ шавад: - шаҳрдори Киев Кличко

© Sputnik / Александр Максименко / Гузариш ба медиабонкПредседатель Киевской городской государственной администрации Виталий Кличко
Председатель Киевской городской государственной администрации Виталий Кличко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2024
Обуна шудан
Сиёсатмадор муътақид аст, ки роҳи ҳалли Украина ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар намунаи Исроил хоҳад буд.
Душанбе, 21 июл — Sputnik. Мақомоти Украина барои расидан ба сулҳ бо Русия мумкин аст, ки ҳамапурсӣ баргузор кунанд.
Дар ин бора раиси шаҳри Киев Виталий Кличко дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии Corriere della Sera изҳор дошт.

"Эҳтимол Зеленский бояд ба раъйпурсӣ муроҷиат кунад, ман фикр намекунам, ки вай мустақилона, бидуни қонунигардонӣ аз ҷониби мардум ба ин гуна созишномаҳои дарднок ва муҳим бирасанд", - нақл мекунад РИА "Новости" аз суханони Кличко.

Сиёсатмадор муътақид аст, ки роҳи ҳал барои Украина таъсиси як ҳукумати ваҳдати миллӣ дар намунаи Исроил пас аз ҳамлаи Ҳамос дар моҳи октябри соли гузашта хоҳад буд.
Бо вуҷуди ин, Кличко изҳори шубҳа кард, ки Зеленский "қисми қудрати" дар натиҷаи ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ ба даст меорад.
Работа РСЗО Ураган группировки войск Запад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ба пойгоҳҳи горди президентии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод
"Вай қудрати аз ҳад зиёдро дар идораи худ тамаркуз кардааст. Аз ин бармеояд, ки порлумон аҳамияти худро гум кардааст", - гуфт шаҳрдор.
Ба гуфтаи Кличко, новобаста аз он, ки Зеленский чӣ қадаме пеш гирад, вай “хатари худкушии сиёсӣ дорад”.
"Агар зарур ояд, ки ду соли дигар мубориза барем, ин даҳшатовар хоҳад буд", - таъкид кард раиси Киев.
Лентаи хабарҳо
0