https://sputnik.tj/20240716/donishjuyon-tojik-farhang-qazon-muarrifi-1063554143.html
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанги миллии худро дар шаҳри Қазон муаррифӣ намуданд
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанги миллии худро дар шаҳри Қазон муаррифӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанг, либоси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, суруду рақс ва ғайраро ба иштирокчиёни чорабинӣ дар шаҳри Қазон пешкаш намуданд
2024-07-16T18:21+0500
2024-07-16T18:21+0500
2024-07-16T18:21+0500
дар тоҷикистон
русия
маориф
фарҳанг
муаррифӣ
қазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/10/1063552125_0:6:800:456_1920x0_80_0_0_846b55d45aeddced57c23632ea405786.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Қазони Русия дар як чорабинӣ фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.Ба иттилои манбаъ донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дар Донишгоҳи федералии Қазон аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.Қайд карда шудааст, ки ҷавонони тоҷик дар чорабинии Global Village ширкат варзиданд.Зикр гардидааст, ки дар ин чорабинӣ фарҳанг, сарулибоси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардид.Меҳмонон тавонистанд ба фазои меҳмоннавозӣ ва зебоии Тоҷикистон ворид шаванд.Дар чорабинӣ сурудҳои тоҷикӣ садо дода, донишҷӯён рақсҳои миллӣ намоиш доданд.Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром" ширкат дошт.Намоишгоҳ байналмилалии "Иннопром" ҳамасола дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешавад ва он як платформаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои ояндадори байналмилалӣ, эҷоди занҷирҳои истеҳсолӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии муколама байни соҳибкорон ва ҳукумат мебошад.
https://sputnik.tj/20230726/farhang-sokhtmon-teatri-millii-tojikiston-1058447144.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/10/1063552125_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_3320f27014de8e259571197ecbf56828.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, фарҳанг, донишҷӯён, қазон, суруд, рақс, муаррифӣ
тоҷикистон, русия, фарҳанг, донишҷӯён, қазон, суруд, рақс, муаррифӣ
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанги миллии худро дар шаҳри Қазон муаррифӣ намуданд
Донишҷӯёни тоҷик фарҳанг, либоси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, суруду рақс ва ғайраро ба иштирокчиёни чорабинӣ дар шаҳри Қазон пешкаш намуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Қазони Русия дар як чорабинӣ фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дар Донишгоҳи федералии Қазон аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷавонони тоҷик дар чорабинии Global Village ширкат варзиданд.
Зикр гардидааст, ки дар ин чорабинӣ фарҳанг, сарулибоси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардид.
Меҳмонон тавонистанд ба фазои меҳмоннавозӣ ва зебоии Тоҷикистон ворид шаванд.
Дар чорабинӣ сурудҳои тоҷикӣ садо дода, донишҷӯён рақсҳои миллӣ намоиш доданд.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром" ширкат дошт.
Намоишгоҳ байналмилалии "Иннопром" ҳамасола дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешавад ва он як платформаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои ояндадори байналмилалӣ, эҷоди занҷирҳои истеҳсолӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии муколама байни соҳибкорон ва ҳукумат мебошад.