https://sputnik.tj/20240720/zoda-tojikiston-suiqasd-jon-vakil-dumai-samara-muttaham-1063603155.html
Зодаи Тоҷикистон ба сӯиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатӣ дар Самара муттаҳам мешавад
Зодаи Тоҷикистон ба сӯиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатӣ дар Самара муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тафтишот се ҷавонро ба сӯиқасд ба ҳамла вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев дар Самара ва ронандаи ӯ муттаҳам кардааст 20.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-20T15:17+0500
2024-07-20T15:17+0500
2024-07-22T11:52+0500
дар тоҷикистон
думаи давлатӣ
сӯиқасд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063593476_0:126:3196:1924_1920x0_80_0_0_4ac3a39535860db4be79a27f90fa489e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мақомоти тафтишотӣ зодагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамчунин як сокини 16-солаи Самараро дар суиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия муттаҳам кардаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст. Ҳамла ба вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев шоми панҷшанбеи 18 июл сурат гирифт. Ба гуфтаи муфаттишон, айбдоршавандагон ҳангоми дар кӯчаи ноҳияи Индустриалии шаҳри Самара рафтори дағалона карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Вақте ки вакили Думаи давлатӣ ва ронандаи ӯ кӯшиши боздоштани ин амали ғайриқонуниро доштанд, муттаҳамон ба онҳо ҳамла карда, осеби ҷисмонӣ расониданд. Дар парвандаи ҷиноӣ муфаттишон ҷои ҳодисаро аз назар гузаронида, ҷабрдидагон, айбдоршавандагон ва шоҳидонро бозпурсӣ кардаанд. Дар маҳалли зисти муттаҳамон низ кофтуков гузаронида шуда, ташхиси судиву тиббӣ таъин шудааст.Қаблан раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии Кумитаи тафтишоти вилояти Самара Алексей Колбасин дастур дода буд, ки амали ҳамлагаронро аз авбошӣ ба ҷинояти вазнинтар – сӯиқасд ба куштор тасниф намояд.
https://sputnik.tj/20240719/nazarsanji-mardum-rusiya-muhojiron-hissiyoti-manfi-1063596483.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063593476_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_f9e852ccc445b28fb620456e114587ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, думаи давлатӣ, сӯиқасд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, думаи давлатӣ, сӯиқасд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Зодаи Тоҷикистон ба сӯиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатӣ дар Самара муттаҳам мешавад
15:17 20.07.2024 (Навсозишуда: 11:52 22.07.2024) Тафтишот се ҷавонро ба сӯиқасд ба ҳамла вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев дар Самара ва ронандаи ӯ муттаҳам кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мақомоти тафтишотӣ зодагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамчунин як сокини 16-солаи Самараро дар суиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия муттаҳам кардаанд.
Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст.
Ҳамла ба вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев шоми панҷшанбеи 18 июл сурат гирифт.
Ба гуфтаи муфаттишон, айбдоршавандагон ҳангоми дар кӯчаи ноҳияи Индустриалии шаҳри Самара рафтори дағалона карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Вақте ки вакили Думаи давлатӣ ва ронандаи ӯ кӯшиши боздоштани ин амали ғайриқонуниро доштанд, муттаҳамон ба онҳо ҳамла карда, осеби ҷисмонӣ расониданд.
"Дар ҳоли ҳозир муфаттиши Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Самара ба суд дархостҳо оид ба интихоби чораи пешгири барои айбдоршавандагон дар шакли ҳабс фиристодааст", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар парвандаи ҷиноӣ муфаттишон ҷои ҳодисаро аз назар гузаронида, ҷабрдидагон, айбдоршавандагон ва шоҳидонро бозпурсӣ кардаанд.
Дар маҳалли зисти муттаҳамон низ кофтуков гузаронида шуда, ташхиси судиву тиббӣ таъин шудааст.
Қаблан раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии Кумитаи тафтишоти вилояти Самара Алексей Колбасин дастур дода буд, ки амали ҳамлагаронро аз авбошӣ ба ҷинояти вазнинтар – сӯиқасд ба куштор тасниф намояд.