https://sputnik.tj/20240720/khotirai-donald-tramp-suhbati-telefoni-rahbari-tolibon-1063599862.html
Хотираи Доналд Трамп аз суҳбати телефонӣ бо раҳбари толибон*
Хотираи Доналд Трамп аз суҳбати телефонӣ бо раҳбари толибон*
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи ҳушдори телефонии Доналди Трамп ба раҳбари толибон*, ин гуруҳ дар муддати 18 моҳ ҷуръат накардаст ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ҳамла кунанд
2024-07-20T12:45+0500
2024-07-20T12:45+0500
2024-07-20T12:45+0500
трамп
амрико
дар ҷаҳон
има
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063600345_0:6:3072:1734_1920x0_80_0_0_70466c1f06b7bc29eff78f161f465cef.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Доналд Трамп дар чаҳорумин рӯзи гирдиҳамои миллии ҷумҳурихоҳон бо ишора ба музокироти Амрико ва толибон* дар даврони раёсатҷумҳурии ӯ афзуд: дар он замон дар муколамаи телефонӣ ба раҳбари толибон* ҳушдор додам, ки баъд аз тавофуқ, агар як амрикоиеро бикушуд бо шумо тавре бархурд хоҳем кард, ки дар таърих бесобиқа бошад.“Ин дар ҳолеаст ки ҳангоми хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон 13 сарбози амрикоӣ кушта ва 45 нафари дигар захмӣ шуданд, ки агар ман дар он замони раисҷумҳур будам, ин иттифоқ намеафтод”, гуфт оқои Трамп.Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико хурӯҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистонро шармовар хонд ва иддао кард, ки агар ӯ раисҷумҳур мебуд, то вақте толибон* ба ваъдаҳои худ амал намекард, неруҳои амрикоиро аз Афғонистон хориҷ намекард.“Амрико таҳти раёсатҷумҳурии Ҷо Байден бо хуруҷи неруҳояш аз Афғонистони таҷҳизоти низомӣ ба арзиши 85 млрд доллар дар Афғонистон ҷо гузошт, ки толибон, акнун онҳоро ба фуруш мерасонанд”, қайд кард раисҷумҳури собиқи ИМА.Вай афзуд, ки Амрико на танҳо ин силоҳҳо балки пойгоҳи ҳавои Багромро низ тахлия кард, ки акнун Чин аз он истифода мекунад.“Барномаи ман тавре буд,ки неруҳои Амрико ба сурати тадриҷӣ ва машрут аз Афғонистон хориҷ шаванд”, - муддаи шуд Трамп.Доналди Трамп дар ҳоле ин суханонро баён мекунад, ки тавофуқномаи Давҳа миёни Амрико ва толибон* дар замони раёсатҷумҳурии вай имзо шуд, ки бар асоси он неруҳои Амрико бояд аз Афғонистон хориҷ мешуданд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240716/tramp-rasman-nomzadi-jumhurikhohon-intikhobot-prezident-1063553310.html
амрико
има
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063600345_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_26a728bd21232a8bc274649ade710d13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, афғонистон, толибон, афғонистон, сарбоз, хуруҷ
трамп, афғонистон, толибон, афғонистон, сарбоз, хуруҷ
Хотираи Доналд Трамп аз суҳбати телефонӣ бо раҳбари толибон*
Дар пайи ҳушдори телефонии Доналди Трамп ба раҳбари толибон*, ин гуруҳ дар муддати 18 моҳ ҷуръат накардаст ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ҳамла кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Доналд Трамп дар чаҳорумин рӯзи гирдиҳамои миллии ҷумҳурихоҳон бо ишора ба музокироти Амрико ва толибон* дар даврони раёсатҷумҳурии ӯ афзуд: дар он замон дар муколамаи телефонӣ ба раҳбари толибон* ҳушдор додам, ки баъд аз тавофуқ, агар як амрикоиеро бикушуд бо шумо тавре бархурд хоҳем кард, ки дар таърих бесобиқа бошад.
“Ин дар ҳолеаст ки ҳангоми хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон 13 сарбози амрикоӣ кушта ва 45 нафари дигар захмӣ шуданд, ки агар ман дар он замони раисҷумҳур будам, ин иттифоқ намеафтод”, гуфт оқои Трамп.
Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико хурӯҷи неруҳои ин кишвар аз Афғонистонро шармовар хонд ва иддао кард, ки агар ӯ раисҷумҳур мебуд, то вақте толибон* ба ваъдаҳои худ амал намекард, неруҳои амрикоиро аз Афғонистон хориҷ намекард.
“Амрико таҳти раёсатҷумҳурии Ҷо Байден бо хуруҷи неруҳояш аз Афғонистони таҷҳизоти низомӣ ба арзиши 85 млрд доллар дар Афғонистон ҷо гузошт, ки толибон, акнун онҳоро ба фуруш мерасонанд”, қайд кард раисҷумҳури собиқи ИМА.
Вай афзуд, ки Амрико на танҳо ин силоҳҳо балки пойгоҳи ҳавои Багромро низ тахлия кард, ки акнун Чин аз он истифода мекунад.
“Барномаи ман тавре буд,ки неруҳои Амрико ба сурати тадриҷӣ ва машрут аз Афғонистон хориҷ шаванд”, - муддаи шуд Трамп.
Доналди Трамп дар ҳоле ин суханонро баён мекунад, ки тавофуқномаи Давҳа миёни Амрико ва толибон* дар замони раёсатҷумҳурии вай имзо шуд, ки бар асоси он неруҳои Амрико бояд аз Афғонистон хориҷ мешуданд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.