https://sputnik.tj/20240719/yak-viloyati-rusiya-ba-tojikiston-besh-az-1-tonna-yakhmos-sodirot-kardaast-1063588424.html
Як вилояти Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 тонна яхмос содирот кардааст
Як вилояти Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 тонна яхмос содирот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар фасли гармо яхмос дар Тоҷикистон яке аз маҳсулоти серхаридор ба шумор меравад. Яхмосро на танҳо кӯдакон балки калонсолон низ дӯст медоранд
2024-07-19T10:49+0500
2024-07-19T10:49+0500
2024-07-19T11:45+0500
дар тоҷикистон
русия
содирот
яхмос
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102986/88/1029868802_0:157:2996:1842_1920x0_80_0_0_a9222f876d2c8ba2c2c1de0fb4139a28.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Яке аз корхонаи Троитск (вилояти Челябинск) ба Тоҷикистон 1,3 тонна яхмос содирот хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “uralpress”.Ба иттилои манбаъ яхмос ин миқдори яхмос ба Тоҷикистон тавассути наклиёти автомобили интиқол дода мешавад.Ба гуфтаи мутахассисони Раёсати байниминтақавии Урал “Россельхознадзор”, истеҳсолкунанда ба феҳристи корхонаҳое дохил шудааст, ки аз санҷиши байторию санитарӣ барои мутобиқат ба талаботи кишварҳои сеюм гузаштаанд.Ёдовар мешавем, ки тибқи агентии омори кишвар Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад.Ҳаҷми табодули коло бо Русия дар нимаи аввали соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст.Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон табодули колои ҷумҳурӣ бо Русия дар ин давра ба 968,5 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.Тибқи гузориши агентӣ, воридот аз Русия дар нимаи аввали соли равон 909,9 млн долларро ташкил дод.Содирот ба Русия 58,6 млн долларро ташкил дод, ки 26,6% тамоми молҳоро дарбар мегирад, ки аз хориҷа ба Точикистон ворид мешуданд.Чин аз рӯи ҳаҷми табодули коло бо Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст – гардиши мол 877,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 24,6% афзоиш ёфтааст.Қазоқистон дар ҷои севум қарор гирифтааст – табодули колои ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 668,9 млн доллар расид, ки 19,5% афзоиш ёфтааст.Дар авохири соли гузашта гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, ҳудуди 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки ин арқом таърихӣ аст.
https://sputnik.tj/20240718/shariki-asosii-tijorii-tojikiston-kist-posukhi-maqomot-1063574722.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102986/88/1029868802_165:0:2832:2000_1920x0_80_0_0_c29ddfdc8b1dc28d9fae3359c68f17f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, яхмос, содирот, маҳсулот, гармо, челябинск
тоҷикистон, русия, яхмос, содирот, маҳсулот, гармо, челябинск
Як вилояти Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 тонна яхмос содирот кардааст
10:49 19.07.2024 (Навсозишуда: 11:45 19.07.2024) Дар фасли гармо яхмос дар Тоҷикистон яке аз маҳсулоти серхаридор ба шумор меравад. Яхмосро на танҳо кӯдакон, балки калонсолон низ дӯст медоранд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Яке аз корхонаи Троитск (вилояти Челябинск) ба Тоҷикистон 1,3 тонна яхмос содирот хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “uralpress”.
Ба иттилои манбаъ яхмос ин миқдори яхмос ба Тоҷикистон тавассути наклиёти автомобили интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони Раёсати байниминтақавии Урал “Россельхознадзор”, истеҳсолкунанда ба феҳристи корхонаҳое дохил шудааст, ки аз санҷиши байторию санитарӣ барои мутобиқат ба талаботи кишварҳои сеюм гузаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи агентии омори кишвар Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳаҷми табодули коло бо Русия дар нимаи аввали соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон табодули колои ҷумҳурӣ бо Русия дар ин давра ба 968,5 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.
Тибқи гузориши агентӣ, воридот аз Русия дар нимаи аввали соли равон 909,9 млн долларро ташкил дод.
Содирот ба Русия 58,6 млн долларро ташкил дод, ки 26,6% тамоми молҳоро дарбар мегирад, ки аз хориҷа ба Точикистон ворид мешуданд.
Чин аз рӯи ҳаҷми табодули коло бо Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст – гардиши мол 877,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 24,6% афзоиш ёфтааст.
Қазоқистон дар ҷои севум қарор гирифтааст – табодули колои ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 668,9 млн доллар расид, ки 19,5% афзоиш ёфтааст.
Дар авохири соли гузашта гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, ҳудуди 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки ин арқом таърихӣ аст.