ВМКБ дар интизори сармоягузорони хориҷӣ: Баргузории Форуми "Помиринвест-2024" дар Хоруғ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2024
Обуна шудан
Қарор аст дар Форуми байналмилалии "Помиринвест-2024" 300 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар Форуми байналмилалии "Помиринвест-2024", ки 26 июли соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, иштироки 300 нафар соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои кишвар дар назар аст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ташкилкунандагони асосии форуми буйналмилалӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳадафи форум ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Алишер Мирзонабот глава ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Мирзонабот хост нархи роҳкиро дар ВМКБ танзим шавад
Форуми байналмилалии "Помиринвест-2024" дар ду панел –ҷалби сармояи ватанӣ, хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани иқтисодиёти Бадахшон ва баланд бароштани саводнокӣ ва малакаи соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи форум дар шаҳри Хоруғ Форуми соҳибкории "G-5" гузаронида мешавад, ки дар он 5 соҳибкори муваффақи ватанӣ фаъолияти худро муаррифӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0