Тоҷикистону Белорус мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноиро баррасӣ намуданд

© Foto / Пресс-служба МВД ТаджикистанаВстреча Министров внутренних дел Таджикистана и Беларуси
Встреча Министров внутренних дел Таджикистана и Беларуси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2024
Обуна шудан
Вазирони умури дохилаи Тоҷикистону Белорус дар Душанбе протокол оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо миёни ду кишварро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Белорус Иван Кубраков баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазири тоҷик баргузории ин вохӯриро барои пешрафту самаранок гардидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.
Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот гуфт, фаъолияти муштараки мақомоти корҳои дохилии ду кишвар натиҷаҳои чашмрас медиҳад.
"Муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ босуръат рушд мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, баррасӣ намуданд.
Инчунин вазирони дохаилаи Тоҷикистону Белорус мубодилаи таҷриба, иттилоот ва дар ҳамбастагӣ муқовимат намудан ба хатарҳои замони мусоир мавриди баррасӣ намуданд.
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2024
Мулоқоти вузарои дифои Тоҷикистону Белорус
Вазири корҳои дохилии Белорус оқои Кубраков қайд кард, ки мушкили амнияти иттилоотӣ барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хеле муҳим мебошад.
"Агар амнияти густурда дар ҷомеа таъмин нашавад, давлат рушд карда наметавонад", - афзуд вазир белорусӣ.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ Протокол оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо ба имзо расид.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрии мазкур дар фазои дӯстӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Лентаи хабарҳо
0