Мулоқоти вузарои дифои Тоҷикистону Белорус

© SputnikМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2024
Обуна шудан
Вазирони дифои Тоҷикистону Белорус зимни суҳбати телефонӣ омодагӣ ба ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои белорусии худ Виктор Хренин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Белорус хабар додааст.
"Вазирони дифоъ масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ, ки 3 июли соли равон дар Минск баргузор мешаванд, баррасӣ намуданд", - омадааст дар хабар.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 3 июл дар Минск баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Учения МЧС России на территории Ногинского спасательного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Дар Тоҷикистону Русия тамринҳои корпуси наҷотдиҳандагони ИДМ баргузор мешаванд
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Тула ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузоргардида буд.
Дар ҷараёни мулоқот як қатор масоили муҳими ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ карданд.
Илова бар ин, вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳод Давлатҳои Мустақил дар бораи вазъи низомию сиёсии ҷаҳон табодули назар хоҳанд карданд.
Дар ҷаласаи ахир вазирони дифоъи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус ширкат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0