Русия барои поксозии заминҳои Тоҷикистон аз осори уран 1,5 млрд рубл ҷудо кард

© iStock.com \ Vladimir ZapletinЗаброшенные подземный тоннель
Заброшенные подземный тоннель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2024
Обуна шудан
Ин пул барои маблағгузории тадбирҳои барқарорсозии қаламравҳои Тоҷикистон, ки аз истихроҷи уран зарар дидаанд, истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия барои солҳои 2025-2028 аз буҷаи давлатӣ ба корпоратсияи давлатии "Росатом" тақрибан 1,5 миллиард рубл ҷудо мекунад.
Ин маблағ барои маблағгузории тадбирҳои барқарорсозии қаламравҳои Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ ба истихроҷи уран дучор шуда буданд, масраф хоҳад шуд.
Фармони дахлдори Кобинаи вазирон дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2025 "Росатом" бояд то 88 миллион рубл, дар соли 2026 - то 261,3 млн, дар соли 2027 - то 565 млн, дар соли 2028 - то 648,7 млн рубл дарёфт кунад.
Макет атомной электростанции Аккую, которую строят в турецком городе Гюльнар. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
“Росатом” мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии атомӣ созад
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон конҳои ураниум, ки дар даврони шӯравӣ фаъолият мекарданд ва дар пайи он як қатор корхонаҳои истихроҷи маъдан ва кимиёи коркарди маъдан вуҷуд доранд.
Дар баъзе майдончаҳои саноатӣ партовҳои куҳӣ, ки миқдори зиёдатии радионуклинҳо доранд ва дар партовгоҳҳои ба истилоҳ партовҳои радиоактивии коркарди аввалияи гидрометаллургии маъдани уран мутамарказ шудаанд.
Анбори партовгоҳҳо маҷмӯи иншоот ва таҷҳизоти махсусест, ки барои нигоҳдорӣ ё нобуд кардани партовҳои радиоактивӣ, заҳрнок ва дигар партовҳои коркарди маъданҳо пешбинӣ шудаанд.
Ширкати "Росатом" аз соли 2021 ташкилоти асосии кишварҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои барҳам додани мероси ҳастаӣ, идоракунии сӯзишвории ҳастаӣ, партовҳои радиоактивӣ ва аз кор андохтани иншоотҳои хатарноки ҳастаӣ ва радиатсионӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0