https://sputnik.tj/20240717/bastrikin-iddao-jinoyathoi-ekstremisti-muhojiron-afzudaast-1063565270.html
Бастрикин иддао дорад, ки шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз тарафи муҳоҷирон 55% афзудааст
Бастрикин иддао дорад, ки шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз тарафи муҳоҷирон 55% афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия давоми шаш моҳи охир дар ҳудуди Русия шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба маротиб афзудааст
2024-07-17T11:59+0500
2024-07-17T11:59+0500
2024-07-17T11:59+0500
русия
дар русия
александр бастрикин
муҳоҷират
сатҳи ҷинояткорӣ
экстремистӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0b/1056366533_0:0:1919:1079_1920x0_80_0_0_bf970cf76f9e91d01aa12769b3d7c6e8.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шумори ҷиноятҳои ифротгароёнаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 55% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хабар додааст.“Танҳо дар 6 моҳи соли равон шумораи таҷовуз аз ҷониби меҳмонон 5%, амалҳои ношоиста нисбати кӯдакон 25% ва ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда 55 фоиз афзудааст", - қайд кардааст оқои Бастрикин.Бастрикин қайд кард, ки “ҳамаи ин таваҷҷӯҳи ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вокуниши фаврӣ ба нақзи қонун, чораҳои пешгирикунандаи низомӣ, дониши амиқи вазъи кунунии минтақа ва баррасии вижагиҳои муҳоҷирати маҳаллиро тақозо мекунад.Илова бар ин, вай афзуд, ки мушкили ҷиноят дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ба сӯиистифода аз сӯи кормандони ниҳодҳои назоратӣ ва интизомӣ ва соҳибкороне, ки нерӯи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, иртибот дорад.Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар фаъолияти мақомоти тафтишотии минтақавӣ тамоюлҳои мусбат ба назар мерасанд.“Мӯҳлатҳои тафтиш кам карда шуда, шумораи парвандаҳо аз суд барои баррасӣ кам гардид, ҳамчунин суръати ҷуброни зарар аз чиноят расондашуда низ афзудааст”, - қайд кард ӯ.
https://sputnik.tj/20240703/muhojirat-sanoat-aliev-sozishnoma-tojikiston-ozarboyjon-tasvib-1063404912.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0b/1056366533_233:0:1672:1079_1920x0_80_0_0_c023b0755d299c38c28ddd2e8741725a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ҷиноят, экстремистӣ, бастрикин, муҳоҷирон, афзоиш
русия, муҳоҷират, ҷиноят, экстремистӣ, бастрикин, муҳоҷирон, афзоиш
Бастрикин иддао дорад, ки шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз тарафи муҳоҷирон 55% афзудааст
Ба иттилои роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия давоми шаш моҳи охир дар ҳудуди Русия шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба маротиб афзудааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шумори ҷиноятҳои ифротгароёнаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 55% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хабар додааст.
“Танҳо дар 6 моҳи соли равон шумораи таҷовуз аз ҷониби меҳмонон 5%, амалҳои ношоиста нисбати кӯдакон 25% ва ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда 55 фоиз афзудааст", - қайд кардааст оқои Бастрикин.
Бастрикин қайд кард, ки “ҳамаи ин таваҷҷӯҳи ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вокуниши фаврӣ ба нақзи қонун, чораҳои пешгирикунандаи низомӣ, дониши амиқи вазъи кунунии минтақа ва баррасии вижагиҳои муҳоҷирати маҳаллиро тақозо мекунад.
Илова бар ин, вай афзуд, ки мушкили ҷиноят дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ба сӯиистифода аз сӯи кормандони ниҳодҳои назоратӣ ва интизомӣ ва соҳибкороне, ки нерӯи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, иртибот дорад.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар фаъолияти мақомоти тафтишотии минтақавӣ тамоюлҳои мусбат ба назар мерасанд.
“Мӯҳлатҳои тафтиш кам карда шуда, шумораи парвандаҳо аз суд барои баррасӣ кам гардид, ҳамчунин суръати ҷуброни зарар аз чиноят расондашуда низ афзудааст”, - қайд кард ӯ.