https://sputnik.tj/20240703/muhojirat-sanoat-aliev-sozishnoma-tojikiston-ozarboyjon-tasvib-1063404912.html
Аз муҳоҷират то саноат: Алиев чаҳор созишнома миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро тасвиб кард
Аз муҳоҷират то саноат: Алиев чаҳор созишнома миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Озарбойҷон ахиран чаҳор санади муҳиме, ки бо Тоҷикистон қаблан ба имзо расида буданд, ба тасвиб расонд
2024-07-03T11:59+0500
2024-07-03T11:59+0500
2024-07-03T11:59+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
санад
тасвиб
илҳом алиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/17/1062949306_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_7ddca8dcb0d9c150d82024d7ea516a0c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев чаҳор созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард, иттилоъ додааст хабаргузории Report.Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари Озарбойҷон фармони тасдиқи "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират"-ро ба имзо расонд.Ҳамчунин президент бо фармонҳои дигар "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии техникӣ, “Ёддошти тафоҳум байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои рақамӣ”, ва "Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ"-ро ба тасвиб расонд. .Қобили зикр аст, ки созишномаҳо рӯзи 23 май дар пайи мулоқоти президентҳои Озарбойҷону Тоҷикистон Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Боку ба имзо расида буданд.Ёдовар мешавем, ки 22 май президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафари давлатӣ анҷом дод.Дар ин сафар миёни ду кишвар якчанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20240523/rahmon-eron-ozarboyjon-safar-1062946480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/17/1062949306_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_17a3dcbc526d5a566f5054e578ea0564.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, санад, тасвиб, илҳом алиев, созишнома
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, санад, тасвиб, илҳом алиев, созишнома
Аз муҳоҷират то саноат: Алиев чаҳор созишнома миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро тасвиб кард
Раисҷумҳури Озарбойҷон ахиран чаҳор санади муҳиме, ки бо Тоҷикистон қаблан ба имзо расида буданд, ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев чаҳор созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард, иттилоъ додааст хабаргузории Report.
Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари Озарбойҷон фармони тасдиқи "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират"-ро ба имзо расонд.
Ҳамчунин президент бо фармонҳои дигар "Созишнома байни Ҳукумати Озарбойҷон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии техникӣ, “Ёддошти тафоҳум байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои рақамӣ”, ва "Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ"-ро ба тасвиб расонд. .
Қобили зикр аст, ки созишномаҳо рӯзи 23 май дар пайи мулоқоти президентҳои Озарбойҷону Тоҷикистон Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Боку ба имзо расида буданд.
Ёдовар мешавем, ки 22 май президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафари давлатӣ анҷом дод.
Дар ин сафар миёни ду кишвар якчанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида буд.