Тоҷикистон барномаҳои ҳуш маснӯии худро ба Аморати Рас-эль-Хайма содирот хоҳад кард

© Foto / Министерства промышленности и новых технологий Республики ТаджикистанТаджикистан экспортирует свои ИИ-решения в Эмират Рас-эль-Хайма
Таджикистан экспортирует свои ИИ-решения в Эмират Рас-эль-Хайма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ният дорад ба Аморати Рас-ал-Хаймаи давлати АМА нармафзори тоҷикӣ дар асосӣ ҳуш маснӯӣ содирот намояд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тоҷикистон технологияҳои иттилоотии худро ба Аморати Рас-ал-Хайма содирот хоҳад кард.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Аморати Рас-ал-Хайма дар ин бора Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.
Дар доираи санад дар Тоҷикистон раванди таҳияи барномаҳои ҳуш маснӯии Аморати Рас-ал-Хайма дар асоси Стратегияи миллии рушди ҳуш маснӯӣ то соли 2040-и оғоз гардид.
Қарор аст, содироти нармафзори бар асоси ҳуш маснӯӣ ба аморати Рас-ал-Хайма афзоиш дода мешавад.
Ҳамчунин мутахассисони тоҷик ҳамтоёни худ аз ин Аморатро дар соҳаи ҳуш маснӯӣ омӯзиш хоҳанд дод.
Мулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Муовини Бег Сабур бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботи Эрон чиро баррасӣ кард?
Тоҷикистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказист, ки бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон стратегияи миллии ҳуш маснӯӣ қабул намуд.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо ташаббуси Амороти Рас-ал-Хайма ба имзо расид.
Санади мазкур ҳамчунин ба рушди сармоягузории мустақим аз Рас-ал-Хайма ба бахши саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла истихроҷи маъдан, истеҳсолот ва логистикаи нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
Вазорати саноати Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳадафи ин ҳамкорӣ мусоидат ба содироти ҷаҳонии коло аз Тоҷикистон тавассути бандари Рас-ал-Хайма мебошад.
Рас ал-Хайма яке аз ҳафт аморати Аморати Муттаҳидаи Арабро (АМА) мебошад. Ин Аморот дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда бо афзоиши босуръати сайёҳӣ, истихроҷи маъдан ва саноат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0