https://sputnik.tj/20240716/khatlon-qarzdori-maoshu-nafaqa-nest-1063550750.html
Дар Хатлон қарздорӣ аз маошу нафақа нест
Дар Хатлон қарздорӣ аз маошу нафақа нест
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон иддао дорад, ки дар ҳоли ҳозир дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа нест
2024-07-16T14:29+0500
2024-07-16T14:29+0500
2024-07-16T14:29+0500
дар тоҷикистон
маош
нафақа
қарзҳо
иқтисод
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” дар истинод ба Мақомоти вилоят Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, бо Фармони навбатии Президенти Тоҷикистон аз 9 январи соли равон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2024 ба андозаи аз 30% то 40% зиёд гардидааст.Қайд карда шудааст, ки таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 музди миёнаи маоши коркунон дар Тоҷикистон 2013,11 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (ки он 1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3% зиёд мебошад.Ба гуфтаи хонум вазир, маоши камтаринро дар ин давра, кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, ки 811,73 сомониро ташкил медод, гирифтаанд. Аммо маоши аз ҳама баландро кормандони “соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомонӣ” гирфтаанд.
https://sputnik.tj/20240610/rahmon-nishast-shuro-rushd-kohish-faqr-boloravi-maosh-1063158251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарздорӣ, қарз, хатлон, маош, нафақа, буҷет
тоҷикистон, қарздорӣ, қарз, хатлон, маош, нафақа, буҷет
Дар Хатлон қарздорӣ аз маошу нафақа нест
Мақомоти Хатлон иддао дорад, ки дар ҳоли ҳозир дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа нест
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” дар истинод ба Мақомоти вилоят Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо Фармони навбатии Президенти Тоҷикистон аз 9 январи соли равон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2024 ба андозаи аз 30% то 40% зиёд гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 музди миёнаи маоши коркунон дар Тоҷикистон 2013,11 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (ки он 1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3% зиёд мебошад.
Ба гуфтаи хонум вазир, маоши камтаринро дар ин давра, кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, ки 811,73 сомониро ташкил медод, гирифтаанд. Аммо маоши аз ҳама баландро кормандони “соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомонӣ” гирфтаанд.