https://sputnik.tj/20240715/loiha-tasisi-markazi-kudakoni-layoqatmand-tojikiston-parlumoni-rusiya-1063535609.html
Лоиҳаи таъсиси маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон ба парлумони Русия пешниҳод шуд
Лоиҳаи таъсиси маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон ба парлумони Русия пешниҳод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маркази кӯдакони лаёқатманд фаъолияти таълимиро тибқи стандартҳои федералии давлатии Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳад
2024-07-15T15:59+0500
2024-07-15T15:59+0500
2024-07-15T15:59+0500
лоиҳа
дар тоҷикистон
русия
маориф
думаи давлатӣ
пешниҳод
созишнома
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_0:253:3072:1981_1920x0_80_0_0_b90cfe3df8f7c63803256c526428993a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи таъсиси маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.Ҳамин тариқ, лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст."Созишнома байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи шартҳои сохтмон, бунёд ва фаъолияти Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд ба тасвиб расонида шавад", - гуфта мешавад дар санад.Гуфта мешавад, ки марказ фаъолияти таълимиро аз рӯи барномаҳои таҳсилоти иловагии умумӣ, инчунин таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумӣ ва миёнаи умумиро тибқи стандартҳои таълимии Русия ва стандартҳои давлатии таълимии Тоҷикистон амалӣ хоҳад кард.Муассисони ин марказ вазорати маорифи Русия, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Бунёди таълимии “Истеъдод ва муваффақият” мебошанд.Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.Имзои ин созишномаро муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд.Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдаконро дар ин марказ ба забони русӣ таълим диҳанд.
https://sputnik.tj/20240713/rusiya-bunyod-markaz-kudakon-layoqatmand-dushanbe-pushtiboni-1063520166.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_ebf7b8a05bd104eda7860e2811128e02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, марказ, кӯдакони лаёқатманд, пешниҳод, лоиҳа, бунёд
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, марказ, кӯдакони лаёқатманд, пешниҳод, лоиҳа, бунёд
Лоиҳаи таъсиси маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон ба парлумони Русия пешниҳод шуд
Маркази кӯдакони лаёқатманд фаъолияти таълимиро тибқи стандартҳои федералии давлатии Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи таъсиси маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Ҳамин тариқ, лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир карда шудааст.
"Созишнома байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи шартҳои сохтмон, бунёд ва фаъолияти Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд ба тасвиб расонида шавад", - гуфта мешавад дар санад.
Гуфта мешавад, ки марказ фаъолияти таълимиро аз рӯи барномаҳои таҳсилоти иловагии умумӣ, инчунин таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумӣ ва миёнаи умумиро тибқи стандартҳои таълимии Русия ва стандартҳои давлатии таълимии Тоҷикистон амалӣ хоҳад кард.
Муассисони ин марказ вазорати маорифи Русия, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Бунёди таълимии “Истеъдод ва муваффақият” мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Имзои ин созишномаро муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд.
Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдаконро дар ин марказ ба забони русӣ таълим диҳанд.