https://sputnik.tj/20240713/rusiya-bunyod-markaz-kudakon-layoqatmand-dushanbe-pushtiboni-1063520166.html
Русия аз бунёди маркази кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе пуштибонӣ кард
Русия аз бунёди маркази кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе пуштибонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин дастур дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишнома дар бораи сохтмони маркази кӯдакони лаёқатманд дар... 13.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-13T17:13+0500
2024-07-13T17:13+0500
2024-07-13T17:15+0500
дар тоҷикистон
русия
маориф
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057509017_0:32:3067:1757_1920x0_80_0_0_4de1705c437e35e67ba9fb4a06e1bfc1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Дар ин бора дар қарори Девони вазирони Федератсияи Русия, ки дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, гуфта мешавад. Қарорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст. Сарвари ҳукумат ҳамчунин дастур дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишнома ба Думаи давлатӣ пешниҳод шавад. Муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов намояндаи расмӣ таъин шуд.Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.Ин чорабинӣ миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта дар макони баргузории Намоишгоҳ ва Анҷумани байналмилалии "Русия" дар Маскав баргузор шуд.Аз ин созишнома муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд. Тавре Грибов қаблан ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, сохтмони маркази "Сириус" барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе метавонад то охири соли 2024 оғоз шавад. Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдакон ба забони русӣ таълим диҳанд.
https://sputnik.tj/20240702/maktab-kontakt-khatmkunandagon-attestat-tojikistonu-rusiya-1063404050.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057509017_101:0:2830:2047_1920x0_80_0_0_373932cc5d3a57db3511b40f63d4970b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, маориф, душанбе
дар тоҷикистон, русия, маориф, душанбе
Русия аз бунёди маркази кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе пуштибонӣ кард
17:13 13.07.2024 (Навсозишуда: 17:15 13.07.2024) Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин дастур дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишнома дар бораи сохтмони маркази кӯдакони лаёқатманд дар Душанберо ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома дар бораи бунёди як маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дар қарори Девони вазирони Федератсияи Русия, ки дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, гуфта мешавад.
"Созишнома миёни [Русия ва Тоҷикистон] дар бораи шартҳои таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд дар ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Қарорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Сарвари ҳукумат ҳамчунин дастур дод, ки лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишнома ба Думаи давлатӣ пешниҳод шавад. Муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Денис Грибов намояндаи расмӣ таъин шуд.
Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи бунёди маркази байналмилалии кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин чорабинӣ миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта дар макони баргузории Намоишгоҳ ва Анҷумани байналмилалии "Русия" дар Маскав баргузор шуд.
Аз ин созишнома муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷонибдорӣ карданд.
Тавре Грибов қаблан ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, сохтмони маркази "Сириус" барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе метавонад то охири соли 2024 оғоз шавад. Ташаббус ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Қарор аст, ки кӯдакон ба забони русӣ таълим диҳанд.