https://sputnik.tj/20240715/korkhona-viloyati-sugd-faolyat-bozmond-1063532408.html
Дар ним сол дар вилояти Суғд беш аз 140 корхона аз фаъолият бозмонд
Дар ним сол дар вилояти Суғд беш аз 140 корхона аз фаъолият бозмонд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар шаш моҳи соли равон масъулини 147 корхона дар ҳудуди вилоят бо нишондиҳандаҳои сифрӣ ҳисобот доданд
2024-07-15T14:49+0500
2024-07-15T14:49+0500
2024-07-15T14:49+0500
дар тоҷикистон
суғд
омор
коргоҳ
аз ҳаракат бозмондан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_0:100:3045:1813_1920x0_80_0_0_fce04f4097ac8977b0ee5ea477eddea8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд 1162 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 38-тои он ба хизматрасонии саноатӣ нигаронида шудааст.Дар ин бора Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли равон 769 корхона, ки 66,2%-ро ташкил медиҳад, тавлидотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш додаанд.Аммо 246 корхона (21,2%) мизони истеҳсоли худро нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 коҳиш додаанд.Дар баробари ин 147 корхона (12,6%) бо нишондиҳандаҳои сифрӣ ҳисобот доданд.Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12831,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти шохиси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110,1%-ро ташкил дод.Аз 249 намуди маҳсулоти саноатии муҳим дар моҳҳои январ-июни соли 2024 истеҳсоли 151 номгуй (60,7% маҳсулот) зиёд, истеҳсоли 86 номгуй (34,5% махсулот) кам ва 12 номгуй махсулот умуман истеҳсол нашудааст.
https://sputnik.tj/20240526/kamtar-dahyaki-qarzhoi-bonki-tojikiston-sanoat-ravona-1062979910.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_186:318:2353:1943_1920x0_80_0_0_6d7a6ee40f0458734ce90483642a6700.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, корхона, фаъолият, бозмонда, коргоҳ
тоҷикистон, суғд, корхона, фаъолият, бозмонда, коргоҳ
Дар ним сол дар вилояти Суғд беш аз 140 корхона аз фаъолият бозмонд
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар шаш моҳи соли равон масъулини 147 корхона дар ҳудуди вилоят бо нишондиҳандаҳои сифрӣ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд 1162 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 38-тои он ба хизматрасонии саноатӣ нигаронида шудааст.
Дар ин бора Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли равон 769 корхона, ки 66,2%-ро ташкил медиҳад, тавлидотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш додаанд.
Аммо 246 корхона (21,2%) мизони истеҳсоли худро нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 коҳиш додаанд.
Дар баробари ин 147 корхона (12,6%) бо нишондиҳандаҳои сифрӣ ҳисобот доданд.
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12831,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти шохиси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110,1%-ро ташкил дод.
Аз 249 намуди маҳсулоти саноатии муҳим дар моҳҳои январ-июни соли 2024 истеҳсоли 151 номгуй (60,7% маҳсулот) зиёд, истеҳсоли 86 номгуй (34,5% махсулот) кам ва 12 номгуй махсулот умуман истеҳсол нашудааст.