https://sputnik.tj/20240715/chin-nohiyai-sugdro-rohi-ohan-mepayvandad-1063531735.html
Чин се ноҳияи Суғдро бо роҳи оҳан мепайвандад
Чин се ноҳияи Суғдро бо роҳи оҳан мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд таъкид кардааст, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим мебошад
2024-07-15T13:32+0500
2024-07-15T13:32+0500
2024-07-15T13:38+0500
дар тоҷикистон
чин
суғд
роҳи оҳан
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063534277_0:44:720:450_1920x0_80_0_0_2071bbbb3166ffc5471f40747d191484.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гуруҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии Чэн Хэ, президенти институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 км мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои зикршуда барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим буда, дар сурати бунёду мавриди истифода қарор гирифтан роҳи оҳан ба рушди иқтисод мусоидат хоҳад кард.Тарафҳо дар ин мулоқот аз таҳкими робитаҳои дӯстонаи миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чин изҳори хушнудӣ намуданд.“Соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самҳоти авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд”, - гуфт раиси вилояти Суғд.Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот зикр кардааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодааст.
https://sputnik.tj/20231009/azsargiri-bino-navi-istgohi-rohi-ohan-khujand-1059867319.html
чин
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063534277_40:0:680:480_1920x0_80_0_0_5afc6b5b8cd4aa713eb51600126cdfcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тоҷикистон, роҳи оҳан, бунёд, спитамен, ноҳия, вилоят, суғд
чин, тоҷикистон, роҳи оҳан, бунёд, спитамен, ноҳия, вилоят, суғд
Чин се ноҳияи Суғдро бо роҳи оҳан мепайвандад
13:32 15.07.2024 (Навсозишуда: 13:38 15.07.2024) Мақомоти вилояти Суғд таъкид кардааст, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гуруҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии Чэн Хэ, президенти институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 км мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои зикршуда барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим буда, дар сурати бунёду мавриди истифода қарор гирифтан роҳи оҳан ба рушди иқтисод мусоидат хоҳад кард.
“Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки нахуст мутахассисону муҳандисон ва лоиҳакашон корҳои омӯзиширо гузаронанд ва сипас аз рӯи натиҷаҳои омӯзишу баррасиҳо барои бунёди роҳи оҳан тасмим гирифта хоҳад шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тарафҳо дар ин мулоқот аз таҳкими робитаҳои дӯстонаи миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чин изҳори хушнудӣ намуданд.
“Соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самҳоти авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд”, - гуфт раиси вилояти Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот зикр кардааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодааст.