https://sputnik.tj/20240712/vokunishi-tehron-eron-bayoniyai-nishast-saroni-nato-1063506315.html
Вокуниши Теҳрон: Эрон бо баёнияи нишасти сарони НАТО розӣ нест
Вокуниши Теҳрон: Эрон бо баёнияи нишасти сарони НАТО розӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Эрон ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО, ки ахиран дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор шуд, вокуниш нишон додааст
2024-07-12T15:59+0500
2024-07-12T15:59+0500
2024-07-12T15:59+0500
эрон
чин
нато
баёния
вокуниш
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1057995550_86:0:1180:615_1920x0_80_0_0_8343d87faf5118adf5f82a1ada0b75b5.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Носир Канъонии Чофӣ иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар бораи кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро рад кард, иттилоъ додааст ИРНА.Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО гуфт, Теҳрон иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар Вашингтон роҷеъ ба кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро комилан бепояву асос ва дорои аҳдофи сиёсӣ дониста ва онро нораво медонад.Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон тасреҳ кард, ҳар гуна талош барои муртабит сохтани ҷанги Украина ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Русия, иқдоме сирфан бо ангезаҳои муғризонаи сиёсӣ аст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш давлати Чин ҳам ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО, ки дар он ин кишварро ба шарики Русия дар дар Украина донистанд, вокуниш нишон дод.Пекин ба НАТО тавсия дод, ки дар бораи амалҳояш дар муноқишаи Украина андеша кунад ва барои ҳалли мушкилот иқдом намояд.Инчунин Чин таъкид кард, ки эъломияи нишасти НАТО дар Вашингтон бо тафаккури ҷанги сард ва суханони ҷангҷӯёна пур аст ва дар қисмате, ки ба Чин дахл дорад, он пур аз иғво, дурӯғ, таҳрик ва тӯҳмат аст."Чин дар масъалаи Украина мавқеъи рушан дорад ва ба мусоидати сулҳ, гуфтушунид ва ҳалли сиёсӣ равона шудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва баҳои баланд гирифтааст”, - хулоса вазорати хориҷаи Чин.Аз 9 то 11 июл дар Вашингтон нишасти навбатии сарони НАТО баргузор шуд. Дар рӯзномаи ҷаласа се мавзӯи бузург баррасӣ шуд: таҳкими нақши НАТО дар ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории кумакҳои низомӣ ба Украина, таҳкими дифои дастаҷамъӣ барои муқовимат ба Русия ва тавсеаи шарикӣ бо кишварҳои Осиё дар пасманзари рӯёрӯии афзоянда миёни Ғарб ва Чин.
https://sputnik.tj/20240711/medvedev-guft-chi-guna-rohi-ukriana-ba-nato-poyon-yobad-1063485111.html
эрон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1057995550_162:0:1135:730_1920x0_80_0_0_c0133785734c8019eabb9416fde1767a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар ҷаҳон, вокуниш, нато, баёния, теҳрон, има
эрон, дар ҷаҳон, вокуниш, нато, баёния, теҳрон, има
Вокуниши Теҳрон: Эрон бо баёнияи нишасти сарони НАТО розӣ нест
Вазорати умури хориҷаи Эрон ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО, ки ахиран дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор шуд, вокуниш нишон додааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Носир Канъонии Чофӣ иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар бораи кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро рад кард, иттилоъ додааст ИРНА.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО гуфт, Теҳрон иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар Вашингтон роҷеъ ба кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро комилан бепояву асос ва дорои аҳдофи сиёсӣ дониста ва онро нораво медонад.
Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон тасреҳ кард, ҳар гуна талош барои муртабит сохтани ҷанги Украина ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Русия, иқдоме сирфан бо ангезаҳои муғризонаи сиёсӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш давлати Чин ҳам ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО, ки дар он ин кишварро ба шарики Русия дар дар Украина донистанд, вокуниш нишон дод.
Пекин ба НАТО тавсия дод, ки дар бораи амалҳояш дар муноқишаи Украина андеша кунад ва барои ҳалли мушкилот иқдом намояд.
"Мо ба НАТО тавсия медиҳем, ки онҳо ба назари ҷомеаи ҷаҳонӣ бодиққат гӯш диҳад, дар бораи амалҳои худ амиқ андеша кунанд ва барои коҳиш додани вазъ ва ҳалли мушкилот чораҳои воқеӣ андешад, на гуноҳро бар шонаи дигарон бор кунад", - гуфт вазорати хориҷаи Чин.
Инчунин Чин таъкид кард, ки эъломияи нишасти НАТО дар Вашингтон бо тафаккури ҷанги сард ва суханони ҷангҷӯёна пур аст ва дар қисмате, ки ба Чин дахл дорад, он пур аз иғво, дурӯғ, таҳрик ва тӯҳмат аст.
"Чин дар масъалаи Украина мавқеъи рушан дорад ва ба мусоидати сулҳ, гуфтушунид ва ҳалли сиёсӣ равона шудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва баҳои баланд гирифтааст”, - хулоса вазорати хориҷаи Чин.
Аз 9 то 11 июл дар Вашингтон нишасти навбатии сарони НАТО баргузор шуд. Дар рӯзномаи ҷаласа се мавзӯи бузург баррасӣ шуд: таҳкими нақши НАТО дар ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории кумакҳои низомӣ ба Украина, таҳкими дифои дастаҷамъӣ барои муқовимат ба Русия ва тавсеаи шарикӣ бо кишварҳои Осиё дар пасманзари рӯёрӯии афзоянда миёни Ғарб ва Чин.