Тоҷикистон паҳподҳои низомии худро месозад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБеспилотный летательный аппарат (БПЛА), архивное фото
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон барномаи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро қабул кард. Ҷумҳурӣ ният дорад паҳподҳои низомии худро созад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои давраи то соли 2044 қабул кардааст.
Санади мазкур дар сомонаи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.
Тибқи санади мазкур Тоҷикистон ният дорад, худаш паҳподҳои низомӣ созад ва ҳамчунин кадрҳоро барои истифодаи онҳо омода намояд.
“Консепсияи мазкур бо мақсади муайян кардани роҳу воситаҳои ноил шудан ба рушди ҳавопаймоҳои бесарнишин ва имкони ба сатҳи нав баровардани амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст”, - омадааст дар санад.
Қайд карда шудааст, ки паҳпод (дрон)-ҳо вазифаҳоеро, ки дар гузашта дастнорас буданд, ба монанди таъмини амнияти давлатӣ, геодезӣ, кишоварзӣ, топографӣ, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ бомуваффақият анҷом медиҳанд.
Иранские военные учения с применением беспилотников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Тоҷикистон хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст
Тибқи ин санад, Тоҷикистон соҳибихтиёрии саноати шаҳрвандиро дар бунёди истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин барои таъмини амнияти миллӣ таъмин хоҳад кард.
Ғайр аз ин дар Тоҷикистон, ташкили низмои махсуси баҳисобгирӣ, ба кайд гирифтан ва назорати паҳподҳо, инчунин ба вучуд овардани системаи таълими доимӣ ва омода намудани кадрҳо барои паҳподҳо таҳия мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2022 корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд.
Ин корхона, ки бо кумаки Эрон сохта шудааст паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини Абобил-2-ро истеҳсол мекунад.
Лентаи хабарҳо
0