Тоҷикистон хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст

© AFP 2023 / Iranian Defence MinistryИранские военные учения с применением беспилотников
Иранские военные учения с применением беспилотников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Ҷумҳурӣ дар баробари беш аз 20 кишвари ҷаҳон барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии тавлиди Эрон дархости расмӣ ироа кардааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад аз Эрон таҷҳизоти низомӣ харидорӣ кунад, гузориш медиҳад Tasnim News.
Дар ин бора фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва мушовири аршади низомии раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, генерал-майор Яҳё Раҳим Сафавӣ зимни як суханронӣ дар як академияи низомии Теҳрон хабар дод.
Вай кишварҳоеро номбар кард, ки барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии тавлиди Эрон дархостҳои расмӣ ироа кардаанд - инҳо 22 давлат ҳастанд.
"Кишварҳои довталаби феълӣ барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ Арманистон, Тоҷикистон, Сербистон, Алҷазоир, Венесуэла ва дигар кишварҳо ҳастанд", - гуфт Сафавӣ.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора иттилоъи расмӣ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ (Абобил-2) ифтитоҳ шуд.
Ҳавопаймои "Абобил-2" яке аз аввалин дастовардҳои ҳавопаймои бесарнишини Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки то имрӯз бо теъдоди зиёд истеҳсол шуда, ба ҷузъу томҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар додаву корбурд шудааст.
Сухопутные войска иранской армии, перемещают беспилотник иранского производства во время военных учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Тоҷикистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эрониро оғоз кард
Гуфта мешавад, бурди амалиётии ин паҳпод 100 километр аст ва “Абобил -2” мудовимати парвозии 75 то 120 дақиқаро дорад. Ҳамчунин суръати ниҳоии ин паҳпод 220 киллометр дар соат аст.
Баландии ҳавопаймои бесарнишин 1 метр, вазнаш 125 кг буда, ҳамаи онҳо бо системаи навигатсионии GPS муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Дар моҳи августи соли ҷорӣ раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ гуфт, Эрон ба дараҷае баланди коршиносӣ дар саноеъи дифоъӣ расидааст, ки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ барои ба даст овардани дастовардҳои он омодаанд.
Ахиран бошад, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал-майор Ҳусейн Саламӣ гуфта буд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ватаниро ба муштариёни хориҷӣ, аз ҷумла ба баъзе қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ фурӯхтааст ва онҳоро барои истифода аз ин таҷҳизот таълим медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0