Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 61,7 млрд. сомонӣ расид

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар кишвар пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 хабар дод.
Ба иттилои раиси БМТ сатҳи таваррум, дар давраи ҳисоботӣ 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Ҳамчунин меъёри бозтамвил бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 9,25 фоизи солона паст карда шуд.
Переговоры Шавката Мирзиёева и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд
Фирдавс Толибзода қайд кардааст, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, дар давраи баррасишаванда пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуд.
Вай афзуд, дар ин давра рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан таҳлилгарони Хазинаи субот ва рушд Авруосиё хабар дода буданд, ки рушди ММД дар Тоҷикистон болотар аз 8% боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0