Тоҷикистону Русия муҳимияти рушди марказҳои нақлиётию логистикиро баррасӣ карданд

© Foto / Министерства промышленности и новых технологий Республики ТаджикистанВстреча с Министром промышленности и торговли Российской Федерации
Встреча с Министром промышленности и торговли Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2024
Обуна шудан
Дар Екатеринбург дар доираи форуми байналмилалии саноатии "Иннопром -2024" дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Русия Антон Алиханов дар шаҳри Екатеринбург дар доираи форуми байналмилалии саноатии "Иннопром -2024" баррасӣ гардид
Дар ин бора дафтари вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот рушди муносиботи дуҷониба ва шарикии ду давлат, ки ба шарофати дастуру супоришҳои созандаи роҳбарияти олии ҳарду давлат ва ҳамкории зичи бахшҳои дахлдор таҳким меёбад, баррасӣ гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи дурнамои барқарорсозии робитаҳои саноатӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ аҳамияти калидӣ доранд, табодули назар карданд.
Мақомдорони Тоҷикистону Русия ба масоили кооператсияи саноатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла маъданҳои куҳӣ ва нассоҷӣ, ки заминаи пешрафти минбаъда хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2024
Расулзода ва Мишустин: табодули коло дар сатҳи зарурӣ нест, метавонад бештар бошад
Шералӣ Кабир ва Антон Алиханов доир ба муҳимияти рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, ки ба таҳкими савдо ва мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд, изҳори назар карданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва амалӣ намудани ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ нигаронида шудаанд, изҳор доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муҳокимаи нуктаҳои нақшаи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Русия зоҳир карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи ин нақша, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароит барои ҷалби сармоя ва табодули технология матраҳ гардид.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2024
Расулзода: Биёед дар истихроҷи филизоти нодир ҳамкорӣ кунем
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "Innoprom", ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
Дар намоишгоҳ гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0