https://sputnik.tj/20240711/raisi-parlumoni-tojikiston-zokirzoda-sankt-peterburg-raft-1063480915.html
Раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Санкт-Петербург рафт: Чаро?
Раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Санкт-Петербург рафт: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, ки таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко баргузор мегардад, иштирок менамояд
2024-07-11T13:21+0500
2024-07-11T13:21+0500
2024-07-11T13:21+0500
дар тоҷикистон
парлумон
идм
санкт-петербург
иштирок
маҳмадтоир зокирзода
валентина матвиенко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062555191_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_4809490608660539e456090bf21732cd.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд.Қайд карда шудааст, ки ҳайати парлумони Тоҷикистон бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ин ҷаласа, дар Русия қарор доранд.Чорабинӣ дар Қасри Таврида таҳти раҳбарии раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко баргузор мешавад. Дар он роҳбарони парлумони Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.Дар ҷаласа қарор аст дар бораи вазъ дар навори Ғазаи Давлати Фаластин изҳорот қабул карда шавад.Илова бар ин, ширкаткунандагон номзадии барандаи Ҷоизаи ИДМ ба номи Чингиз Айтматовро дар соли ҷорӣ баррасӣ намуда, натиҷаҳои кори соли гузаштаи Ассамблеяро ҷамъбаст хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки 11-12 июл дар шаҳри Санкт-Петербург, дар шакли нави васеъ бо иштироки роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои БРИКС, инчунин намояндагони созмонҳои парлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иштирок менамояд.Анҷумани мазкур ба таҳкими принсипҳои бисёрҷониба дар сиёсати ҷаҳонӣ ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои БРИКС дар майдонҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дар соҳаи гуманитарӣ бахшида мешаванд.
https://sputnik.tj/20240704/vazorati-difo-idm-konsepsiyai-hamkori-nizomi-tahiya-1063413763.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062555191_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_130b2f0b6fcb8563dd9090f3121d9562.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, зокирзода, санкт-пеетербург, сафар, идм, иштирок, ҷаласа
тоҷикистон, парлумон, зокирзода, санкт-пеетербург, сафар, идм, иштирок, ҷаласа
Раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Санкт-Петербург рафт: Чаро?
Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, ки таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко баргузор мегардад, иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати парлумони Тоҷикистон бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ин ҷаласа, дар Русия қарор доранд.
Чорабинӣ дар Қасри Таврида таҳти раҳбарии раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко баргузор мешавад. Дар он роҳбарони парлумони Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Дар ҷаласа қарор аст дар бораи вазъ дар навори Ғазаи Давлати Фаластин изҳорот қабул карда шавад.
Илова бар ин, ширкаткунандагон номзадии барандаи Ҷоизаи ИДМ ба номи Чингиз Айтматовро дар соли ҷорӣ баррасӣ намуда, натиҷаҳои кори соли гузаштаи Ассамблеяро ҷамъбаст хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки 11-12 июл дар шаҳри Санкт-Петербург, дар шакли нави васеъ бо иштироки роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои БРИКС, инчунин намояндагони созмонҳои парлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Анҷумани мазкур ба таҳкими принсипҳои бисёрҷониба дар сиёсати ҷаҳонӣ ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои БРИКС дар майдонҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дар соҳаи гуманитарӣ бахшида мешаванд.