https://sputnik.tj/20240704/vazorati-difo-idm-konsepsiyai-hamkori-nizomi-tahiya-1063413763.html
Вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ консепсияи ҳамкориҳои низомиро таҳия хоҳанд кард
Вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ консепсияи ҳамкориҳои низомиро таҳия хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони дифоъи кишварщои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) консепсияи ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 таҳия хоҳанд кард
2024-07-04T09:35+0500
2024-07-04T09:35+0500
2024-07-04T09:35+0500
идм
низомӣ
ҳамкорӣ
равобит
шурои вазирони дифоъ
русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056841995_0:113:1524:970_1920x0_80_0_0_edbdeb887de1efa1e7ab64a8e332c676.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ тарҳи консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2030 таҳия хоҳад шуд.Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев эълон кард."Муҳимтарин дар кори муштараки вазоратҳои дифои кишварҳои узви ИДМ, бешубҳа таҳияи лоиҳаи консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030 хоҳад буд, ки дар он бояд афзалиятҳо ва дастурҳои нави ҳамкории кишварҳои мо дар миёнамуҳлат муайян карда мешавад”, - гуфт ӯ қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ИДМ.Тибқи иттилои расонаҳо дар ин ҷаласа вазири дифои тозатаъйини Русия Андрей Белоусов раиси Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ интихоб шуд.Ин тасмим дар ҷаласаи вазирони дифоъ дар Минск якдилона қабул шуд.Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа вазирони дифои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доранд.Дар ҷараёни кор баррасии масоили кунунии рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла масъалаҳои такмили системи муштараки низомӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои муштаракулманофеъ барои соли 2025 дар назар аст.
https://sputnik.tj/20240609/vakolatdori-navi-tojikiston-nihodi-muboriza-jinoyatkori-idm-1063146416.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056841995_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_6458f21c02ca68f5a778d14bd03281cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, русия, ҳамкорищои низомӣ, вазирони дифоъ, консепсия
идм, русия, ҳамкорищои низомӣ, вазирони дифоъ, консепсия
Вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ консепсияи ҳамкориҳои низомиро таҳия хоҳанд кард
Вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) консепсияи ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 таҳия хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ тарҳи консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2030 таҳия хоҳад шуд.
Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев эълон кард.
"Муҳимтарин дар кори муштараки вазоратҳои дифои кишварҳои узви ИДМ, бешубҳа таҳияи лоиҳаи консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030 хоҳад буд, ки дар он бояд афзалиятҳо ва дастурҳои нави ҳамкории кишварҳои мо дар миёнамуҳлат муайян карда мешавад”, - гуфт ӯ қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ИДМ.
Тибқи иттилои расонаҳо дар ин ҷаласа вазири дифои тозатаъйини Русия Андрей Белоусов раиси Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ интихоб шуд.
Ин тасмим дар ҷаласаи вазирони дифоъ дар Минск якдилона қабул шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа вазирони дифои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доранд.
Дар ҷараёни кор баррасии масоили кунунии рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла масъалаҳои такмили системи муштараки низомӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои муштаракулманофеъ барои соли 2025 дар назар аст.