https://sputnik.tj/20240617/pushilin-sulh-ukraina-rusiya-lozim-nest-1063241602.html
Пушилин: Сулҳ дар Украина ба ҷуз Русия ба касе лозим нест
Пушилин: Сулҳ дар Украина ба ҷуз Русия ба касе лозим нест
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) таъкид кард, ки сулҳ дар Украина танҳо ба Русия лозим аст, вале Ғарб аз идомаи ҷанг дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад
2024-06-17T14:52+0500
2024-06-17T14:52+0500
2024-06-17T17:55+0500
амалиёти вижа
русия
дар русия
украина
сиёсат
донбасс
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054042793_0:106:3017:1803_1920x0_80_0_0_8e4f71758b2b4170f24cb5ab64211c05.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Денис Пушилин, раиси ҶМД дар шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, дар Украина ба ҷуз Русия ба ҳеҷ кас сулҳ лозим нест ва як қатор кишварҳои ғарбӣ аз идомаи ҷанг дар ин кишвар манфиатдоранд."Кишвари мо, президенти мо ба хотири сулҳи пойдор дар ин кишвар ҳамеша як механизми комилан шаффоф ва возеҳро пешниҳод мекарданд. Мутаассифона, мо инчунин қайд мекунем, ки ин сулҳ, ба ҷуз кишвари мо ва як қатор кишварҳои оқил ба касе лозим нест. Албатта ин сулҳ ба ИМА ва шарикони шартиаш лозим нест”, - гуфт Пушилин.Вай қайд кард, ки раванди музокирот печида аст ва ба эҳтимоли зиёд ғайри оммавӣ сурат хоҳад гирифт."Раванди гуфтушунид ҳамеша хеле мушкил аст, бахусус вақте, ки бархе кишварҳои ғарбие ҳастанд, ки баръакс, ба оташ сӯзишворӣ мерезанд ва онҳо аз он суд мегиранд ва онҳо манфиатдори низоъ дар ин кишвар ҳастанд", - афзуд Пушилин.Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст. Ғарб ҳамеша аз музокироти Киев бо Русияро нодида мегирад.Рӯзи ҷумъаи гузашта раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳалли низоъ дар Украина пешниҳодҳои нави сулҳомез кард. Дар ин пешниҳодҳо Путин эътирофи мақоми Қрим, ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запорожиеро ба ҳайси минтақаҳои Русия дархост кард. Ҳамчунин Путин хостори даст кашидан аз аъзогии Украна дар НАТО ва кишвари бидуни силоҳи ҳастаӣ шуд. Ҳамчунин аз Путин хостори ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина ва лағви таҳримҳои Ғарб зидди Русия шуд.Ҷониби Украина ин ташаббусро рад кард. Владимир Зеленский пешниҳоди Маскавро таҳдид номид ва мушовири ӯ Михаил Подоляк бар ин назар аст, ки ташаббусҳои нави Русия “пешниҳоди сулҳи воқеӣ” нест.
https://sputnik.tj/20240615/nebenzya-gharb-istifoda-siloh-ukraina-idora-1063222232.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054042793_178:0:2907:2047_1920x0_80_0_0_289df4f17b5307bfbd842289a5f2679b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, ҳамкорӣ, сулҳ, музокирот, сиёсат, амалиёти вижа
украина, русия, ҳамкорӣ, сулҳ, музокирот, сиёсат, амалиёти вижа
Пушилин: Сулҳ дар Украина ба ҷуз Русия ба касе лозим нест
14:52 17.06.2024 (Навсозишуда: 17:55 17.06.2024) Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) таъкид кард, ки сулҳ дар Украина танҳо ба Русия лозим аст, вале Ғарб аз идомаи ҷанг дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Денис Пушилин, раиси ҶМД дар шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, дар Украина ба ҷуз Русия ба ҳеҷ кас сулҳ лозим нест ва як қатор кишварҳои ғарбӣ аз идомаи ҷанг дар ин кишвар манфиатдоранд.
"Кишвари мо, президенти мо ба хотири сулҳи пойдор дар ин кишвар ҳамеша як механизми комилан шаффоф ва возеҳро пешниҳод мекарданд. Мутаассифона, мо инчунин қайд мекунем, ки ин сулҳ, ба ҷуз кишвари мо ва як қатор кишварҳои оқил ба касе лозим нест. Албатта ин сулҳ ба ИМА ва шарикони шартиаш лозим нест”, - гуфт Пушилин.
Вай қайд кард, ки раванди музокирот печида аст ва ба эҳтимоли зиёд ғайри оммавӣ сурат хоҳад гирифт.
"Раванди гуфтушунид ҳамеша хеле мушкил аст, бахусус вақте, ки бархе кишварҳои ғарбие ҳастанд, ки баръакс, ба оташ сӯзишворӣ мерезанд ва онҳо аз он суд мегиранд ва онҳо манфиатдори низоъ дар ин кишвар ҳастанд", - афзуд Пушилин.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст. Ғарб ҳамеша аз музокироти Киев бо Русияро нодида мегирад.
Рӯзи ҷумъаи гузашта раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои ҳалли низоъ дар Украина пешниҳодҳои нави сулҳомез кард. Дар ин пешниҳодҳо Путин эътирофи мақоми Қрим, ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запорожиеро ба ҳайси минтақаҳои Русия дархост кард. Ҳамчунин Путин хостори даст кашидан аз аъзогии Украна дар НАТО ва кишвари бидуни силоҳи ҳастаӣ шуд. Ҳамчунин аз Путин хостори ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина ва лағви таҳримҳои Ғарб зидди Русия шуд.
Ҷониби Украина ин ташаббусро рад кард. Владимир Зеленский пешниҳоди Маскавро таҳдид номид ва мушовири ӯ Михаил Подоляк бар ин назар аст, ки ташаббусҳои нави Русия “пешниҳоди сулҳи воқеӣ” нест.