Маскаву Деҳлӣ масъалаи ташкили минтақаи озоди тиҷории ИИАО ва Ҳиндро баррасӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Индии. Иллюстративное фото
Флаги России и Индии. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2024
Обуна шудан
Ҳиндустон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои тақвияти савдои дуҷониба, имкони таъсиси минтақаи тиҷорати озод баррасӣ доранд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Русия ва Ҳиндустон дар мавриди баррасии масъалаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни ИИАО ва Ҳиндустон ба тавофуқ расиданд.
Дар ин бора дар матни баёнияи муштарак дар паи натоиҷи музокироти расмии ҳайатҳои ду кишвар гуфта мешавад.
Дар матни санад хоҳиши "бартараф кардани монеаҳои савдои ғайритаруфавӣ, ки ба тиҷорати дуҷониба байни Ҳиндустон ва Русия рабт дорад" ишора шудааст.
Ҳамчунин дар ин санад "идомаи муколама дар соҳаи либерализатсияи савдои дуҷониба, аз ҷумла имкони таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО ва Ҳиндустон ишора шудааст.
Международная промышленная выставка Иннопром-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2024
"Иннопром-2024" ҳамкориҳои саноатии кишварҳои ИИАО-ро тақвият медиҳад
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорати мутақобила ба беш аз 100 млрд доллар расонанд, аз ҷумла ба интиқоли коло аз Ҳиндустон ва “фаъолияти сармоягузории тарафҳоро дар чаҳорчӯби низомҳои махсуси сармоягузорӣ афзоиш диҳанд.
Миёни ҳадафҳои асосие, ки дар ҳуҷҷат зикршудааст "афзоиши ҳаҷми савдои дуҷонибаи маҳсулоти кишоварзӣ, озуқаворӣ ва нуриҳо" мебошад.
Дар бахши энергетика ба рушди ҳамкориҳо дар моҳаҳои муҳим, аз ҷумла энергетикаи атомӣ, коркарди нафт ва нафту кимиё, инчунин шаклҳои васеъи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи инфрасохтори энергетикӣ, технологияҳо ва таҷҳизот таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0