https://sputnik.tj/20240709/selu-kharobiho-viloyati-sughd-1063461141.html
Селу харобиҳо дар вилояти Суғд
Селу харобиҳо дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари боронҳои шадиди ахир дар бархе аз минотиқи вилояти Суғди Тоҷикистон сел омад, ки боиси бархе аз харобиҳо гардид
2024-07-09T15:59+0500
2024-07-09T15:59+0500
2024-07-09T15:59+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
сел
суғд
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063460975_0:89:647:453_1920x0_80_0_0_5f085d24b105437a4cebe8723ba79cb2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд боиси омадани сел шуд, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир, корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.Ҳамзамон баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад.Дар натиҷа, об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард.Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ноҳиявӣ кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.Барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.Қайд карда шудааст, ки хушбахтона талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.
https://sputnik.tj/20240614/khf-viloyati-sughd-sel-zarar-1063212032.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063460975_0:0:750:563_1920x0_80_0_0_1252a2cca08c6c897781d09c81b754c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, суғд, тоҷикистон, офати табиӣ, хисорот
сел, суғд, тоҷикистон, офати табиӣ, хисорот
Селу харобиҳо дар вилояти Суғд
Бар асари боронҳои шадиди ахир дар бархе аз манотиқи вилояти Суғди Тоҷикистон сел омад, ки боиси харобиҳо гардид
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд боиси омадани сел шуд, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир, корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
“Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад.
Дар натиҷа, об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ноҳиявӣ кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.
Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.
Барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.
Қайд карда шудааст, ки хушбахтона талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.