https://sputnik.tj/20240709/kushta-kharobiho-tabiat-soli-guzashta-1063456556.html
“Куштаву харобиҳои табиат”: ним соли гузашта чӣ рух дод?
“Куштаву харобиҳои табиат”: ним соли гузашта чӣ рух дод?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз вуқуъи 532 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба ҳалокат расидани 15 нафар дар шаш моҳи гузашта хабар дод
2024-07-09T09:36+0500
2024-07-09T09:36+0500
2024-07-09T09:36+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
кҳф
харобӣ
тағйирёбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/05/1058665425_0:43:450:296_1920x0_80_0_0_a2b737f3e661259397fa76187014245a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Танҳо дар давраи аз 3 то 26 майи соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 80 миллион сомонӣ зарар расондааст.Умеда Юсупова, сардори Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйирёбии иқлими сайёра бевосита ба муҳит, табиат ва обу ҳавои Тоҷикистон таъсири худро мерасонад ва мо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ шоҳиди боронҳои пуршиддат, ки ба омадани селҳои фалокатбор ва гармии тоқатфарсои тобистон оварда расонид, мешавем.“Офатҳои табиӣ - боронҳои бошиддат ва селҳои даҳшатбор, ки дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вуқӯъ омад, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ расониданд”, - гуфт Умеда Юсупова.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танҳо дар давраи аз 3 то 26 майи соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 80 миллион сомонӣ зарар расондааст.Фоизнокии офатҳои табиие, ки ба амал омадаанд, боришоти борон ва омадани сел - 86,1% дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд (Иставравшан, Панҷакент, Деваштич, Шаҳристон), Хатлон (Кӯлоб, Темурмалик, Восеъ, Ховалинг, Панҷ, Фархор), Навоҳии тобеъи марказ (шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Рудакӣ, Шаҳринав, Варзоб), ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ВМКБ (ноҳияи Дарвоз), раъду барқ 8,3% дар ноҳияҳои Шаҳристони вилояти Суғд, Лахши Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва Балҷувони вилояти Хатлон, фаромадани тарма – 2,8% дар ноҳияи Рушони ВМКБ ва фаромадани ярч – 2,8 % дар ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод ҳисоб шудааст.Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 164 манзили маскунӣ (64 - пурра, 26-қисман), 1853 иншооти ёрирасон, 13 иншооти маданиву маишӣ, 6 мактаб ва муассисаи томактабӣ, зиёда аз 294 километр роҳи нақлиётӣ, 66 купрук, зиёда аз 29 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, зиёда аз 14,2 км селпартоҳҳо зарар дида, 687 сар чорво, аз ҷумла 142 сар чорвои шохдори калон ва 545 сар чорвои шохдори майда талаф ёфтааст.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз ин шумораи ҳодисаву ҳолатҳои табиии фавқулода, дар 12 ҳолат 15 нафар ба ҳалокат расида, дар 36 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 130 миллиону 663 ҳазору 500 сомонӣ зарар расидааст.
https://sputnik.tj/20230916/maqomot-khisorot-ofati-tabii-devashtic-hisob-1059427171.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/05/1058665425_0:1:450:339_1920x0_80_0_0_a95ac2c816e12698bce933fa650a4603.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, харобиҳо, табиат, кҳф, ҳодиса, харобиовар
тоҷикистон, харобиҳо, табиат, кҳф, ҳодиса, харобиовар
“Куштаву харобиҳои табиат”: ним соли гузашта чӣ рух дод?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз вуқуъи 532 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба ҳалокат расидани 15 нафар дар шаш моҳи гузашта хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Танҳо дар давраи аз 3 то 26 майи соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 80 миллион сомонӣ зарар расондааст.
Умеда Юсупова, сардори Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйирёбии иқлими сайёра бевосита ба муҳит, табиат ва обу ҳавои Тоҷикистон таъсири худро мерасонад ва мо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ шоҳиди боронҳои пуршиддат, ки ба омадани селҳои фалокатбор ва гармии тоқатфарсои тобистон оварда расонид, мешавем.
“Офатҳои табиӣ - боронҳои бошиддат ва селҳои даҳшатбор, ки дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вуқӯъ омад, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ расониданд”, - гуфт Умеда Юсупова.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танҳо дар давраи аз 3 то 26 майи соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 80 миллион сомонӣ зарар расондааст.
Фоизнокии офатҳои табиие, ки ба амал омадаанд, боришоти борон ва омадани сел - 86,1% дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд (Иставравшан, Панҷакент, Деваштич, Шаҳристон), Хатлон (Кӯлоб, Темурмалик, Восеъ, Ховалинг, Панҷ, Фархор), Навоҳии тобеъи марказ (шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Рудакӣ, Шаҳринав, Варзоб), ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ВМКБ (ноҳияи Дарвоз), раъду барқ 8,3% дар ноҳияҳои Шаҳристони вилояти Суғд, Лахши Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва Балҷувони вилояти Хатлон, фаромадани тарма – 2,8% дар ноҳияи Рушони ВМКБ ва фаромадани ярч – 2,8 % дар ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод ҳисоб шудааст.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 164 манзили маскунӣ (64 - пурра, 26-қисман), 1853 иншооти ёрирасон, 13 иншооти маданиву маишӣ, 6 мактаб ва муассисаи томактабӣ, зиёда аз 294 километр роҳи нақлиётӣ, 66 купрук, зиёда аз 29 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, зиёда аз 14,2 км селпартоҳҳо зарар дида, 687 сар чорво, аз ҷумла 142 сар чорвои шохдори калон ва 545 сар чорвои шохдори майда талаф ёфтааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз ин шумораи ҳодисаву ҳолатҳои табиии фавқулода, дар 12 ҳолат 15 нафар ба ҳалокат расида, дар 36 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 130 миллиону 663 ҳазору 500 сомонӣ зарар расидааст.