https://sputnik.tj/20230916/maqomot-khisorot-ofati-tabii-devashtic-hisob-1059427171.html
Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд
Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи мегуяд, селхезии ахир дар деҳоти ноҳияи Деваштичи Суғд садҳо ҳазор сомонӣ зарар дар пай гузоштааст
2023-09-16T19:23+0500
2023-09-16T19:23+0500
2023-09-16T19:23+0500
дар тоҷикистон
кҳф
хисорот
офати табиӣ
деваштич
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Мақомот бо гузашти беш аз ду ҳафта зарари расида аз офати табииро маълум кардаанд.Шермуҳаммад Сафаров, муовини бахши КҲФ дар ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи селхезии рӯзи 27 август дар умум 13 хонавода дар деҳаи Ҳавотаги ҷамоати Муҷуни Деваштич дидаанд.Маблағи зарар дар умум беш аз 250 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.Ин мақомдори КҲФ гуфт, ки пас аз рухдоди ҳодиса дар ҳукумати ноҳияи Деваштич комиссияи вижаи бартарафсозии паёмади офати табиӣ таъсис ва ба кор шурӯъ кардааст.Зимнан иншооту инфрасохторҳои заррардидаи аз ҷумла роҳҳои мошингард ҳавмор карда шудаанд.Мақомот мегуянд дар назар аст рӯзҳои наздик масъулини ҳукумат ба сокинони зарардида чорвоҳои нобудшударо ҷуброн кунанд.Бар пояи иттилоъи мақомот сар аз соли ҷорӣ то ин дам ин 3 – юмин ҳодисаи селфароӣ дар деҳоти ноҳияи Деваштич сабт шуда ва хисороти бузурги иқтисодӣ дар пай доштааст.Ноҳияи Деваштич ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Масчоҳ, Айнӣ аз лиҳози рухдоди офатҳои табиӣ аз ҷумла селфароӣ осебпазир шумурда мешавад.Ёдовар мешавем ҳамон шабу рӯз дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе низ селхезӣ ба амал омада хонаҳоро хароб карда мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар гардид.
https://sputnik.tj/20230906/kumaki-khonavodaho-sel-osebdida-varzob-hisor-dushanbe-1059240304.html
деваштич
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хисорот, офати табиӣ, деваштич, суғд, садҳо ҳазор сомонӣ
тоҷикистон, хисорот, офати табиӣ, деваштич, суғд, садҳо ҳазор сомонӣ
Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи мегуяд, селхезии ахир дар деҳоти ноҳияи Деваштичи Суғд садҳо ҳазор сомонӣ зарар дар пай гузоштааст
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Мақомот бо гузашти беш аз ду ҳафта зарари расида аз офати табииро маълум кардаанд.
Шермуҳаммад Сафаров, муовини бахши КҲФ дар ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи селхезии рӯзи 27 август дар умум 13 хонавода дар деҳаи Ҳавотаги ҷамоати Муҷуни Деваштич дидаанд.
Маблағи зарар дар умум беш аз 250 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
“Ин маблағҳо ба ҳисоби 48 моли калони шохдор - 225 ҳазор сомонӣ охилхона бо маблағи - 1280 сомонӣ ва беш аз 8 км роҳҳои мошингард аст, ки зарари он 24 ҳазор сомонӣ маълум шудааст” – гуфт, Сафаров.
Ин мақомдори КҲФ гуфт, ки пас аз рухдоди ҳодиса дар ҳукумати ноҳияи Деваштич комиссияи вижаи бартарафсозии паёмади офати табиӣ таъсис ва ба кор шурӯъ кардааст.
Зимнан иншооту инфрасохторҳои заррардидаи аз ҷумла роҳҳои мошингард ҳавмор карда шудаанд.
Мақомот мегуянд дар назар аст рӯзҳои наздик масъулини ҳукумат ба сокинони зарардида чорвоҳои нобудшударо ҷуброн кунанд.
Бар пояи иттилоъи мақомот сар аз соли ҷорӣ то ин дам ин 3 – юмин ҳодисаи селфароӣ дар деҳоти ноҳияи Деваштич сабт шуда ва хисороти бузурги иқтисодӣ дар пай доштааст.
Ноҳияи Деваштич ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Масчоҳ, Айнӣ аз лиҳози рухдоди офатҳои табиӣ аз ҷумла селфароӣ осебпазир шумурда мешавад.
Ёдовар мешавем ҳамон шабу рӯз дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе низ селхезӣ ба амал омада хонаҳоро хароб карда мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар гардид.