Кишварҳои ИДМ пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи рушди саноати мошинсозии вазнинро пазируфтанд

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2024
Обуна шудан
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии "Иннопром-2024" ҷаласаи Шӯрои сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ҷаласа Шӯрои сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ИДМ иштирок доштанд.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст, дар ҷаласаи ин Шӯро доираи васеи масоили рушди ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Консепсияи рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи саноати сабук ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи татбиқи он муаррифӣ гардид.
Қайд карда шудааст, ки намояндагони кишварҳои ИДМ дар ин Шӯро пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи зарурати рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ин Созмон дар соҳаи мошинсозии вазнин дастгирӣ намуда, лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар ин соҳаро тасдиқ намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2024
Аз саноат то энержӣ: Раҳмону Ҷинпин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Аъзои Шӯро лоиҳаи Маҷмӯи чораҳо барои рушд ва мусоидат барои истифодаи гази табиӣ ҳамчун сӯзишвории автомобилӣ барои воситаҳои нақлиёти кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 тасдиқ намуданд.
Инчунин дар ин ҷаласа Низомнома дар бораи гурӯҳи корӣ вобаста ба рушду мусоидат баро истифодаи гази табиӣ ба сифати сузишвории автомобилӣ дар кишварҳои узви ИДМ тасдиқ гардид.
Директори департаменти ҳамкории иқтисодӣ дар Кумитаи Иҷроияи ИДМ Михаил Мискин дар бораи таҳияи лоиҳаи Маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ оид ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар доираи ИДМ маъруза кард.
Қайд карда шудааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯро дар соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0