https://sputnik.tj/20240708/najoti-sayyoh-rusiya-kuhhoi-tojikiston-1063452065.html
Наҷоти сайёҳи рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон
Наҷоти сайёҳи рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон сайёҳ аз Русияро, ки ҳангоми кӯҳгардӣ мор газид, наҷот дода ба бемористон интиқол доданд
2024-07-08T14:56+0500
2024-07-08T14:56+0500
2024-07-08T20:53+0500
дар тоҷикистон
кҳф
кӯҳнавард
наҷот
сайёҳ
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/08/1063451847_0:110:640:470_1920x0_80_0_0_1ad6dd9d3b8905f8d1c6f8cd11733ac3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯҳгардӣ мор газида буд, дар бемористон бистарӣ шудааст.Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ қайд намудааст, ки ин ҳодиса ахиран дар кӯҳистони Варзоб дар наздикии рустои Сиема рух додааст.“Як сокини маҳаллӣ ба нуқтаи навбатдорӣ муроҷиат кард ва хабар дод, ки пои як сайёҳро мор газид ва ӯ ба кумак ниёз дорад. Наҷотдиҳандагон ҳамроҳ бо таҷҳизоти худ ба ҷойи ҳодиса расида, сайёҳи русро пайдо карданд. Ӯ зодаи 29-солаи минтақаи Хабаровски Русия будааст. Ба номбурда ёрии аввалия расонида шуд. Сайёҳ 6 километр дуртар аз роҳи асосӣ будааст”, - қайд кардааст КҲФ.Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки сипас сайёҳро наҷотдиҳандагон бо истифода аз биронкор аз ҷойи ҳодиса поин оварда, ба яке аз беморхонаҳои клиникии шаҳри Душанбе расонданд.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гуруҳи панҷнафарии куҳнавардони Русия барои фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ рафта ва яке аз онҳо дучори мушкил бо саломатӣ шуда буд.Ҳангоми фатҳи яке аз қуллаҳо як узви гуруҳ, марди 50-сола аз эҳтимоли шамолхӯрии шушҳо шикоят кардааст.Дар пайи муроҷиат ба КҲФ, ҳамаи куҳнавардони гурӯҳ бо чархболи нерӯҳои марзбонӣ ба Душанбе интиқол дод.
https://sputnik.tj/20240620/gharqi-nafar-tojikiston-az-avvali-sol-1063272830.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/08/1063451847_0:0:640:480_1920x0_80_0_0_18ec4c17e6b727ad6e5f94793bf6cff6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, наҷот, сайёҳ, рус, кӯҳҳои варзоб, кӯҳгардӣ
тоҷикистон, кҳф, наҷот, сайёҳ, рус, кӯҳҳои варзоб, кӯҳгардӣ
Наҷоти сайёҳи рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон
14:56 08.07.2024 (Навсозишуда: 20:53 08.07.2024) Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон сайёҳ аз Русияро, ки ҳангоми кӯҳгардӣ мор газид, наҷот дода, ба бемористон интиқол доданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯҳгардӣ мор газида буд, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ қайд намудааст, ки ин ҳодиса ахиран дар кӯҳистони Варзоб дар наздикии рустои Сиема рух додааст.
“Як сокини маҳаллӣ ба нуқтаи навбатдорӣ муроҷиат кард ва хабар дод, ки пои як сайёҳро мор газид ва ӯ ба кумак ниёз дорад. Наҷотдиҳандагон ҳамроҳ бо таҷҳизоти худ ба ҷойи ҳодиса расида, сайёҳи русро пайдо карданд. Ӯ зодаи 29-солаи минтақаи Хабаровски Русия будааст. Ба номбурда ёрии аввалия расонида шуд. Сайёҳ 6 километр дуртар аз роҳи асосӣ будааст”, - қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки сипас сайёҳро наҷотдиҳандагон бо истифода аз биронкор аз ҷойи ҳодиса поин оварда, ба яке аз беморхонаҳои клиникии шаҳри Душанбе расонданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гуруҳи панҷнафарии куҳнавардони Русия барои фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ рафта ва яке аз онҳо дучори мушкил бо саломатӣ шуда буд.
Ҳангоми фатҳи яке аз қуллаҳо як узви гуруҳ, марди 50-сола аз эҳтимоли шамолхӯрии шушҳо шикоят кардааст.
Дар пайи муроҷиат ба КҲФ, ҳамаи куҳнавардони гурӯҳ бо чархболи нерӯҳои марзбонӣ ба Душанбе интиқол дод.