https://sputnik.tj/20240706/rahmon-raisjumhuri-tozaintikhobi-eronro-tojikiston-davat-kard-1063438832.html
Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурд муносибат ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон донист
2024-07-06T14:56+0500
2024-07-06T14:56+0500
2024-07-16T11:35+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
даъват
душанбе
сиёсат
паёми табрикот
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0a/1063161133_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_320504561ec4e856ff684dfbac56c7dc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд.Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Дар ин барқия аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон оқои Пизишкиёнро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон самимона табрик кард.“Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст”, - қайд кардааст Раҳмон.Кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар мебошанд.Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар алоқаманд аст.Кишвардори Тоҷикистон муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар донист.“Дар ин робита бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои эрониаш сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳояш дар мақоми раисҷумҳур комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.
https://sputnik.tj/20240706/ismi-prezidenti-navi-eron-malum-shud-intikhob-1063436204.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0a/1063161133_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2bb9d974765b9ae792ff95a4977f3458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, пизишкиён, даъват, душанбе, сиёсат
тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, пизишкиён, даъват, душанбе, сиёсат
Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард
14:56 06.07.2024 (Навсозишуда: 11:35 16.07.2024) Раҳмон идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурд муносибат ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон донист
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар ин барқия аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон оқои Пизишкиёнро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон самимона табрик кард.
“Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст”, - қайд кардааст Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар алоқаманд аст.
Кишвардори Тоҷикистон муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар донист.
“Дар ин робита бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои эрониаш сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳояш дар мақоми раисҷумҳур комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.