Раҳмон шахсан Ҷинпинро дар фуругоҳ гусел кард: анҷоми сафари раҳбари Чин ба Душанбе
© Flickr \ Пресс-служба президента ТаджикистанаАнҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
© Flickr \ Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ ба Пекин баргашт. Ӯро дар фурулгоҳ шахсан раисҷумҳури кишвар гусел кард
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар фурудгоҳ раҳбари Чин Си Ҷинпинро шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
“Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин баргашт”, - қайд кардааст манбаъ.
© Flickr \ пресс-служба президента ТаджикистанаАнҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
1/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
2/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
3/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
© Flickr \ пресс-служба президента ТаджикистанаАнҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
4/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
© Flickr \ пресс-служба президента ТаджикистанаАнҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
5/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
1/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
2/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
3/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
4/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
5/5
© Flickr \ пресс-служба президента Таджикистана
Анҷоми сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.
Ҳамчунин дар ин сафар раҳбари Чин ба ҳамтои тоҷикашро бо Ордени “Дӯстӣ”-и Чин сарфароз гардонид.
Қайд карда шудааст, ки ин мукофоти олӣ дар таърихи давлатдории Чин бори аввал берун аз кишвар ва он ҳам ба кишвардори Тоҷикистон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии Си Ҷинпин дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ифтитоҳи биноҳои наву муҳташами Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.
Шоми гузашта раҳбари Тоҷикистон барои ҳамтои чиниаш зиёфати ғайрирасмӣ – Шоми Дӯстӣ баргузор кард.