https://sputnik.tj/20240706/iftitohi-binohoi-nav-va-ziyofati-ghayrirasmi-baroi-jinpin-dar-dushanbe--1063434475.html
Ифтитоҳи биноҳои нав ва зиёфати ғайрирасмӣ барои Ҷинпин дар Душанбе
Ифтитоҳи биноҳои нав ва зиёфати ғайрирасмӣ барои Ҷинпин дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари давлатии раҳбари Чин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати кишвар ва Шоми Дӯстӣ баргузор гардид
2024-07-06T10:51+0500
2024-07-06T10:51+0500
2024-07-06T10:53+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
ифтитоҳ
"шоми дӯстӣ"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063434126_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_466fc8cda165beba308b81d91c55052a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Сарони давлатҳо Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншоот — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо кумаки Чин бунёд шуданд, ҳусни оғоз бахшиданд.Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудаааст, ки биноҳои мазкур бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст.“Ин биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.Сипас роҳбари кишвар барои ҳамтои чиниаш, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.Қайд карда шудааст, ки Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.“Меҳмонон аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд”, - қайд кардааст манбаъГуфта шудааст, ки Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063434126_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_67e3801c0ef90330f01b529f7adeac55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, ифтитоҳ, бино, иншоот, шоми дӯстӣ
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, ифтитоҳ, бино, иншоот, шоми дӯстӣ
Ифтитоҳи биноҳои нав ва зиёфати ғайрирасмӣ барои Ҷинпин дар Душанбе
10:51 06.07.2024 (Навсозишуда: 10:53 06.07.2024) Дар доираи сафари давлатии раҳбари Чин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати кишвар ва Шоми Дӯстӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Сарони давлатҳо Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншоот — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо кумаки Чин бунёд шуданд, ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудаааст, ки биноҳои мазкур бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст.
“Ин биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Сипас роҳбари кишвар барои ҳамтои чиниаш, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Қайд карда шудааст, ки Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
“Меҳмонон аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд”, - қайд кардааст манбаъ
Гуфта шудааст, ки Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.