https://sputnik.tj/20240706/natijai-safari-jinpin-dushanbe-imzo-sanadi-hamkorii-1063438427.html
Натиҷаи сафари Ҷинпин ба Душанбе: имзои 29 санади ҳамкории нав
Натиҷаи сафари Ҷинпин ба Душанбе: имзои 29 санади ҳамкории нав
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид
2024-07-06T18:01+0500
2024-07-06T18:01+0500
2024-07-06T18:01+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
равобит
санад
имзо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063438262_98:62:799:456_1920x0_80_0_0_f8e15906aab93ffa402629b1515b314c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид.Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар бораи таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд.Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаҳои музокиротҳо 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.Дар нишасти матбуоотии муштарак баъд аз ба имзо расидани санадҳо раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт.Вай гуфт, ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон гуфт, ки "Ширкатҳои "Зарафшон" ("Зи Ҷин Голд"), маҷмааи саноати бофандагии "Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил", "Хуаксин семент-Ёвон" ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб мешаванд.Дар маҷмӯъ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.Қаблан дар ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 млн доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20240706/iftitohi-binohoi-nav-va-ziyofati-ghayrirasmi-baroi-jinpin-dar-dushanbe--1063434475.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063438262_88:0:799:533_1920x0_80_0_0_1acd3cb8dc48f0843a76364348969841.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, имзо, санад, сиёсат, равобит, музокирот
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, имзо, санад, сиёсат, равобит, музокирот
Натиҷаи сафари Ҷинпин ба Душанбе: имзои 29 санади ҳамкории нав
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар бораи таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд.
Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаҳои музокиротҳо 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.
Дар нишасти матбуоотии муштарак баъд аз ба имзо расидани санадҳо раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт.
Вай гуфт, ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон гуфт, ки "Ширкатҳои "Зарафшон" ("Зи Ҷин Голд"), маҷмааи саноати бофандагии "Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил", "Хуаксин семент-Ёвон" ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.
Қаблан дар ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 млн доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид намуд.